Дар гуфтушунид оид ба таъйини сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон пешрафт ҳаст, аммо масоили марбут ба мавзеъҳои баҳснок “то ҳол мушкил боқӣ мемонад”. Ҳалли онҳо "эҳтиёткорӣ, таҳаммулпазирӣ ва пайдарпайӣ"-ро талаб мекунад, изҳор доштааст президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар муроҷиати худ ба шаҳрвандон ба хотири ёдбуди шаҳрвандоне, ки дар муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон рӯзи 27 апрели соли 2021 ҳалок шуданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Фергана.

“Ҳодисаҳои ҷаҳон нишон доданд, ки масъалаҳои марз бо кишварҳои ҳамсоя бояд танҳо тавассути муколамаи сулҳомез ва эҳтироми ҳамдигар ҳал шаванд. Раисҷумҳури кишвари ҳамсоя ахиран зимни сафараш ба вилояти Суғд низ изҳор дошт, ки манфиатдор аст, ки масъалаҳои марзӣ бо ҷониби Қирғизистон танҳо бо роҳи музокироти сулҳомез ҳал шавад”, - таъкид кардааст Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон итминон додааст, ки дар ҳалли масъалаҳои марзи давлатӣ манофеъи миллии мардуми қирғизро ба назар гирифта, ба манофеи Тоҷикистони ҳамсоя арҷ мегузорад.

“Мо манфиат ва якпорчагии давлати ҳамсояро эҳтиром мекунем. Барои ин иродаи сиёсии ман басанда аст. Дар баробари ин, мо ба амалҳои иғвогарона дода нашуда, зуҳуроти номатлубро дар сарҳади давлатӣ пешгирӣ мекунем ва худдориро пеша карда, амнияти миллиро таҳким мебахшем”, - гуфтааст ӯ.

Ҷабборов ёдовар шудааст, ки соли гузашта бори нахуст бо маблағҳои буҷети давлатӣ таҷҳизоти муосири низомӣ харидорӣ шуда, барои муҷаҳҳазсозии Хадамоти марзбонии Қирғизистон сарф шудааст.

“Кор дар ин самт идома меёбад”, - илова намудааст Жапаров.

Ӯ зикр кардааст, ки пас аз муноқиша дар вилояти Бодканд ба ҷойи хонаҳои сӯхташуда 140 манзили нав ва барои 36 оилаи дар ҷараёни задухӯрдҳои фавтида хона сохта шуд.

Дар барқарор намудани манзили ҷабрдидагон, мактаб ва дигар ишооти зерсохтор Туркия, Ӯзбекистон ва як қатор фондҳои хайрияи исломӣ, инчунин сарпарастони маҳаллӣ кумак карданд.

Бо таъкиди мақоми махсуси вилояти Бодканд, Ҷабборов гуфтааст, ки барои сохтмони 8 роҳи таъиноти стратегӣ дар минтақа 250 млн сом (3 млн доллар) ҷудо шуда, ғайр аз ин, “Харитаи роҳ”-и махсуси рушди вилоят барои солҳои 2022-2035 таҳия мешавад, ки барои амалисозии он ҳамасола 500 млн доллар (6 млн доллар) ҷудо мегардад.

Қаблан ҳукумати Қирғизистон қарор қабул карда буд, ки як моҳи хидмати ҳарбӣ дар вилояти Ботканд ду моҳ ҳисоб карда шавад.

Дар вилоят зимни пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ имтиёзҳо амал мекунанд. Аз 1 марти соли ҷорӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони синни то 16-сола доранд, ҳар моҳ ба маблағи 1000 сом (12 доллар) ва ба нафақахӯрони муқими қаламравҳои наздимарзии вилоят - 2000 сом (24 доллар) ҷубронпулӣ пардохт мешавад.

Дар ҷараёни муноқишаи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28-29 апрели соли гузашта аз ҳар ду ҷониб 55 нафар кушта ва ҳудуди 300 нафар захмӣ шуданд. Дар пайи гуфтушунидҳо муноқиша ҳаллу фасл шуда, пас аз ин Тоҷикистону Қирғизистон ба корҳои таъйину аломатгузорӣ дар сарҳад суръат бахшиданд. Тайи соли ахир, аз ҷумла охири моҳи апрел якчанд ҷаласаи гуруҳҳои топографии кишварҳо баргузор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.