Сармураббии дастаи футболи КМВА “Помир”-и Душанбе Рустам Хоҷаев дарҳол пас аз шикаст дар бозӣ бо тими “Истаравшан”-и Истаравшан (0:1) аз вазифааш истеъфо дод.

Баъди бохт дар бозӣ бо “Истаравшан” тими КМВА “Помир” ба зинаи охири ҷадвали мусобиқа фаромада, акнун дар зинаи поин рафтан ба мусобиқаи Лигаи якуми футболи мамлакат қарор дорад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки имсол бо дастаи нави футболи Лигаи олӣ - “Истаравшан” аллакай ивази се сармураббӣ марбут аст. Дар даври дуюм пас аз бохт дар бозӣ бо ин даста сармураббии “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсуфов аз вазифааш барканор шуд. Сипас охири даври аввал худи сармурабии “Истаравшае” Тоҳирҷон Муъминов бо хоҳиши худаш ба истеъфо рафт.

Ва акнун рӯзи 23 июн дар бозии даври 10-уми мусобиқа бо тими “Истаравшан” сармураббии КМВА “Помир” Рустам Хоҷаев низ истеъфо дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.