Шоҳмотбоздухтари тоҷик Сабрина Абророва ба дарёфти медали нуқраи Чемпионати Осиёи Ғарбӣ оид ба рапид байни иштирокчиёни синни то 14-сола миёни духтарон шарафёб гардид.

Мусобиқа дар пойтахти Ҳиндустон - Ню-Дели дар гурӯҳҳои синни 6, 8, 10, 12, 14, 16, 18 ва 20-сола оид ба навъҳои шоҳмоти рапид ва блитс ҷараён дорад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа шоҳмотбоздухтари навраси тоҷик дар навъи рапид (шоҳмоти бозии тез) зинаи дуюмро ишғол карда, ба медали нуқра соҳиб шуд.

Вай аз 7 бозии гузаронидааш дар 5 бозӣ пирӯз ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дода, аз ғолиби мусобиқа Роҳила Шивике аз Ҳиндустон шикаст хӯрд.

Котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов изҳори умедворӣ намуд, ки Сабрина дар навъҳои шоҳмоти маъмулӣ (стандарт) ва блитс ба дарёфти медалҳои тилло ноил хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқа 336 нафар шоҳмотбозон аз 10 кишвари Осиё иштирок дошта, натиҷаҳо 11-уми сентябр ҷамъбаст мешаванд.

Аз натиҷаҳои мусобиқа метавон дар сомонаи chess-results.com маълумоти зарурӣ дарёфт намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.