Раҳматулло Фузайлов бо хоҳиши худаш аз вазифаи сармураббигии дастаи футболи “Кӯктош” ба истеъфо рафт.

Пас аз бохт дар вохӯрии даври 14-уми чемпионат дар бозӣ бо КМВА “Помир” (2:3) раҳбарияти дастаи “Кӯктош” дархости сармураббиро қонеъ намуда, ӯро аз иҷрои вазифаҳояш дар ситоди мурраббиён озод кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Раҳматулло Фузайлов моҳи феврали соли равон роҳбарии дастаи “Кӯктош”-ро ба уҳда гирифта, дар вазифаи сармураббии ин даста аз ноҳияи Рӯдакӣ ҳамагӣ ҳафт моҳ кор кард.

Таҳти роҳбарии ӯ “Кӯктош” имсол 14 вохӯрӣ гузаронида, дар 5 бозӣ ғолиб омад ва 4 вохӯриро мусовӣ анҷом дода, дар 5 бозӣ ба шикаст дучор шуд.

Сармураббии нави “Кӯктош” Ҳикматулло Шарипов таъин шудааст, ки қаблан ба дастаи лигаи якум - “Душанбе-83” роҳбарӣ мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.