Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон вохӯрии дуюмро гузаронид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, вохӯрӣ рӯзи 6 сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи футболбозони ҷавони тоҷик анҷом пазируфт.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Абдулмумин Забиров (аз зарбаи 11-метра), Салом Ашӯрмамадов, Рустам Соиров ва Суннатулло Исмоилов ба ҳадаф расонидаанд.

Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии аввали рӯзи 3 сентябр байни ин дастаҳо футболбозони ӯзбек бо ҳисоби 1:0 дастболо шуда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.