Акмаллидин Каримов паҳлавони самбокори варзидаи тоҷик имрӯз дар Қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Нови-Сади Сербистон мақоми дувум ва медали тиллоро ба даст овард.

Акмалиддин Каримов бори чорум аст, ки дар сабқатҳои ниҳоии қаҳрамонии самбои ҷаҳон қувваозмоӣ мекард ва имсол  ҳам муваффақ ба касби медали нуқра шуд. Паҳлавони тоҷик то расидан ба марҳилаи ниҳоӣ паҳлавонони Фаронса, Узбекистон ва Укроинро шикаст дод, аммо дар сабқати ниҳоӣ аз паҳлавони Русия шикаст хӯрд.

Ҳамчунин имрӯз, Самиъҷон Абдушукуров низ дар қаҳрамонии ҷаҳонии самбо миёни ҷавонон медали биринҷӣ ба даст овард. Дирӯз паҳлавони хушноми дигари тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кг дар ин мусобиқа мақоми сеюмро соҳиб шуд. Ин севумин медали Комроншоҳ аз ин гуна сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон буд.

Имсол ба далели ҳамагирии вируси курунои COVID-19 ҳамаи мусобиқаҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Нови-Сади Сербистон доир мешавад. 

Фардо дар рӯзи охирини ин сабқатҳо паҳлавони дигари тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 62 кг ҳунарнамоӣ хоҳад кард.