Қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар вохӯрии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2022 низ ба шикаст дучор шуд.

Дар даври дуюми бозиҳо дар гуруҳи “А” тими “Истиқлол” бозиро бо дастаи “Шарҷа”-и Аморот Муттаҳидаи Араб боҳисоби 1:2 бохт, ҳарчанд дар аввал ҳисоби бозиро кушода буд. Муаллифи голи ягона аз “Истиқлол” дар ин вохӯрӣ Манучеҳр Ҷалилов аст.


Бозии навбатии худро (даври сеюм) дар мусобиқаи асосии футболи Осиё байни дастаҳо “Истиқлол” рӯзи ҷумъа, 15 апрел бо пешсафи гуруҳи “А” - тими “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ мегузаронад, ки дар ду бозии аввали гуруҳ пайиҳам ду ғалаба ба даст овард.


Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии аввали марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 “Истиқлол” бо ҳисоби 2:3 аз дастаи “Ар-Райён”-и Қатар шикаст хӯрда, тӯбҳоро аз “Истиқлол” ба дарвозаи ҳариф дар ин бозӣ Шаҳром Сулаймонов ва легионери ӯзбек Муҳамад Исоев ба самар расониданд.

Бозиҳои боқимонда:

15 апрел. «Ал-Ҳилол» - «Истиқлол»

19 апрел. «Истиқлол» - «Ал-Ҳилол»

23  апрел. «Ар-Райян» - «Истиқлол»

27  апрел. «Истиқлол» - «Шарҷа»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа пас аз ду давр:


Қобили зикр аст, ки бозиҳои марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гуруҳи “А” дар Арабистони Саудӣ ҷараён доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.