Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бар асари вахим шудани вазъи амниятии Қазоқистон бар пайи эътирозҳо бо сарвазири Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД Никол Пашинян, раисҷумҳури Қазоқистон ва раисҷумҳури Ӯзбекистон суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муроҷиати расмии узви Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, Президенти Қазоқистон Қосим–Жомарт Тоқаев дар бораи расонидани кумак аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бартараф намудани таҳдиди бамиёномада маълумот додааст

"Эмомалӣ Раҳмон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ширкат дар василаҳои сулҳофарии СААД тибқи ӯҳдадориҳои ҳампаймонии худ эълом намуд", - омадааст дар инхабар.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД тасмим гирифт, ки барои ба эътидол овардани вазъият ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Қазоқистон, ки узви ин Созмон аст, як воҳиди неруҳои посдори сулҳба ин кишвар сафарбар мекунад.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Қосим–Жомарт Тоқаев раисҷумҳури Қазоқистон низ телефонӣ суҳбат кардааст. Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Қазоқистон ҷонибдорӣ намуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.

Дар суҳбат бо раисҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи Қазоқистон пардохта "аз тарафҳои даргир дар ҳодисаҳои кунунӣ ба худдорӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти ба миёномада даъват карданд".- омадааст дар иттилоияе, ки дафтари матбуоти Мирзиёев нашр кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.