Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии имрӯз, 3 феврал ба танқидҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон ба порлумони кишвар, дар робита ба сифати таҳсилот вокуниш кард.
Ӯ гуфт, он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуд, воқеиву дуруст аст ва онҳо дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.
Номбурда гуфт, ки барои рафъи эродҳои раисҷумҳур аллакай, чанд масъаларо нақшабандӣ кардаанд, ки яке аз онҳо ташкили шуъбаи назорати сифати таҳсилот аст, ки сифати таълиму тадрисро дар муассисаҳои миёна ва олӣ санҷиш мекунад.
- Рушди ҷомеа ҳамеша нисбат ба таҳсилот боло меравад. Вақте мо қонеъ шудем, пас ин чизи манфӣ ба ҳисоб меравад. Аллакай, нисбати интиқоди ҷиддии президент чанд масъаларо нақшабандӣ кардаем. Якум, ба он шурӯъ кардем, ки аз ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ вуҷуд доранд. Кадоме аз ин ихтисосҳо барои мо лозим асту кадомаш не. Дуввум таҷдиди назар намудани тамоми барномаҳо ва стандартҳое, ки ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ бошад, - гуфт Имомзода.
Вазири маориф ва илми кишвар изҳори умедворӣ намуд, ки солҳои оянда дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ, ки рӯзи 21 декабри соли 2021 ироа шуд, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд.
Ӯ гуфта буд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст ва омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.
- Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, - гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном упал до неприлично низкого уровня
FORMULA55 и ТВ «Варзиш» заключили спонсорское соглашение
Как, закрывая глаза на насилие в семье, в Центральной Азии множат суицид и убийства женщин
ЕФРС поможет Таджикистану внедрить принципы программного бюджетирования
Таджикистан в первом квартале продал соседям электричество почти на $7,2 миллиона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста