Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 31 августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро ба муомилот мебарорад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ бо унсури иловагии ҳимоявӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, ин амал бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар кардани ороиши пули коғазии арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин такмили унсурҳои тавассути мошинҳо хондашавандаи сатҳи дуюм ва ҷорӣ кардани унсури ҳимоявии сатҳи сеюм роҳандозӣ мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ, намунаи соли 1999, ки айни замон дар муомилот мебошанд, баробар гардиш менамоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.