Соли 2019 истеҳсоли алюминий 100,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 5,8 ҳазор тонна зиёдтар аст. Дар ин бора аз ҶСК “ТАЛКО” хабар доданд.

Дар ширкат қайд карданд, ки соли гузашта бар асари ба таъхир афтодани транзити вагонҳои роҳи оҳан ва автомашинаҳои боркаш дар қаламрави Туркманистон, ки ба кашондани ашёи хоми асосии технологӣ ва дигар масолеҳи ёридиҳанда барои истеҳсоли алюминии аввалия машғул буданд, чараёни истеҳсолот суст шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба саривақт оварда нашудани ашёи хом ва масолеҳи зарурӣ ҳамчунин фаромадани ярч дар киломтери ҳаштуми истгоҳи роҳи оҳани Акработ дар қаламрави Ӯзбекистон ва ба вуҷуд омадани ҳолати ғайримунтазира дар анбори муҳимоти ҷангӣ дар шаҳри Арис, 131 километр аз гузаргоҳи истгоҳи Сарииагаш (Қазоқистон) бар асари таркиш низ монеа эҷод кард.

“Омилҳои мазкур ба он оварда расониданд, ки корхона ба қатъи кори 90 электролизер маҷбур шуд. Бо вуҷуди ин, корхона ҷиҳати барқарор кардани истеҳсолот ва пайваст кардани электрлизерҳои нав ҳамаҷониба тадбирҳо андешид”, - таъкид доштанд дар ширкат.

Дар бораи табдилёбии ТАЛКО

Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминии тоҷик” аз 1-уми ноябри соли гузашта ба Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)-и “Ширкати алюминии тоҷик” бо 100% ҳиссаи давлат табдил дода шуд.

Дар қарори дахлдори қабулшудаи ҳукумат зикр мегардад, 100% саҳмияи корхонаи фаръии “Алюминсохтмон”, ки он низ ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода мешавад, ба ТАЛКО тааллуқ хоҳад дошт.

Ҳамчунин барои маркази савдои “Металлург”, маҷмааи меҳмонхонаи “Ширкент”, истироҳатгоҳи “Куран” ва дигар иншоот таъсиси шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда, ҳиссаи ТАЛКО дар онҳо 100%-ро ташкил хоҳад дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.