Соҳибкорони хатлонӣ бо дастгирии лоиҳаи USAID ба содироти тарбузи Хатлон ба бозорҳои Русияву Аврупо шурӯъ карданд.

Чуноне Наҷиб Ҳамроев, ҷониши директори ҶСП “Аввалин” ба “Азия-Плюс” хабар дод аллакай 40 тонна тарбузи Хатлон ба шаҳри Иркутски Русия содирот карда шуд.

“Мо дар якҷоягӣ бо ширкати “Комбинати хурокворӣ”-и шаҳри Бохтар ва бо дастгирии лоиҳаи USAID оид ба тавонмандии рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон чанд рӯз пеш 40 тонна тарбузро аз вилояти Хатлон ба шаҳри Иркутск фиристодем ва ҳоло ба содироти 40 тонна тарбузи дигар ба Аврупо, дақиқтараш ба кишварҳои Прибалтика омодагӣ гирифта истодаем. Соли гузашта як маротиба ба кишварҳои Прибалтика ду боркаш тарбуз содирот кардем ва бозори Аврупоро омӯхтем. Дар бозорҳои Аврупо ва Русия тарбузи Тоҷикистон талабот дорад. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, то онро бо назардошти талаботҳои Аврупо парвариш, ҷамъоварӣ ва содирот намоем. Бо кумаки лоиҳаи мазкур мо тухмии тарбузро аз ширкати голандии BASS дастрас карда, онро бо усули қатрагӣ парвариш кардем. Лоиҳа ҳамчунин барои ҷорӣ намудани усули қатрагӣ таҳҷизотҳои заруриро дастрас карда, мутахассисонаш ҳамеша то ҷамъоварию омода кардани тарбуз ба содирот ба мо машварат доданд”, - гуфт Наҷиб Ҳамроев.
Сурат: Хосият Комилова

Ба ақидаи ин соҳибкор, иқлими вилояти Хатлон барои ба даст овардани дилхоҳ маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ мувофиқ аст, ки ба пайдо кардани бозори истеъмолиро дар хориҷи кишвар имкон медиҳад.

“Иқлими вилояти Хатлон гарм аст ва инҷо ҳосили барвақтиро парвариш кардан осонтар мебошад. Мо инро омӯхтем, ки аз ин ҳисоб метавонем бо нархи дилхоҳ барои маҳсулотҳои кишоварзии вилоят дар дар бозорҳои Аврупо роҳ ёбем. Аз ин рӯ, бо шарикони худ ба хулосае омадем, ки ба парвариши тарбузи барвақтӣ бо талаботи аврупоӣ шуруъ кунем. Дар ин замина бо хоҷагидорони ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён дар маҷмӯъ дар майдони 15 гектар парвариши тарбузи барвақтиро ба роҳ монем. Деҳқонон бо дарназардошти маслиҳати мутахассисони лоиҳа тарбузро парвариш карда, ҷамъоварӣ намуданд. Ҳосилро дар базаи ширкати “Комбинати хурокворӣ”, ки тамоми шароитро барои нигоҳдорию логистика дорад ба содирот омода карда, ба Руссия фиристодем”, - мегӯяд ин соҳибкор.

Наҷиб Ҳамроев ҳамчунин изҳор дошт, ки соли оянда нақша доранд ба усулҳои нави парвариши дигар зироатҳои кишоварзии ҷавобгӯ ба талаботи бозори Аврупо шурӯъ кунанд.


“Ният дорем, ки соли оянда ба парвариши дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёз шурӯъ кунем. Дар Русия ва Аврупо пиёзи тоҷик талаботи зиёд дорад. Ҳамчунин соли оянда ният дорем майдони кишти тарбузро афзоиш бидиҳем. Ин имкон медиҳад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда, деҳқон ҳам фоидаи хубтаре ба даст орад. Ғайр аз ин, ният дорем таҷрибаи худро бо ташкили семинарҳои омӯзиши ба дигар деҳқонон ва соҳибкороне, ки ба содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ машғуланд биомӯзонем”, - гуфт Наҷиб Ҳамроев.

Дар ҳамин замина Хосият Комилова, мутахассиси лоиҳаи USAID оид ба  рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, хабар дод, ки тамоми раванди парвариш ва ҷамъоварии ҳосили тарбуз дар заминҳои таҷрибавӣ зери назорати мутахассисони лоиҳа қарор дошт.


“Моҳи феврал лоиҳа барои истеҳсолкунандагони хатлонӣ навъи тарбузи Krimson Sweet дастрас кард, ки ин навъи тарбуз ҳосилнокии баланд дошта, ба иқлим ва бемориҳои гуногун тобовар мебошад. Ҳамчунин барои содирот мувофиқ аст. Мутахассисони лоиҳа қадам ба қадам ба деҳқонон вобаста ба парвариши ин навъи тарбуз маслиҳат медоданд. Дар ин қитъаҳои таҷрибавӣ усули обёрии қатрагӣ амалӣ карда шуд. Дар баробари ин лоиҳа барои соҳибкорон қутиҳои тахтагини махсусро, ки дар ҳар кадоме 400 кг тарбуз ҷой мегирад, барои бехатар содирот кардан дастрас кард”, - гуфт Хосият Комилова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.