Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ба соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳурӣ сармоягузориҳои хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои байнулмилалии идоракуниро ҷалб намояд. Ин чӣ маъно дошта метавонад?

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” дар доираи ислоҳоти соҳаи электроэнергетикаи кишвар ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуд. Анҷоми пурраи ин ҷараён охири соли 2018 пешбинӣ гардида буд.

Охири моҳи июни соли гузашта бо қарори ҳукумат 2 ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта дар заминаи “Барқи тоҷик” – “Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тасдиқ карда шуданд. Лекин корхонаҳои нав то ҳол ба фаъолият напардохтаанд.

Аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин корхонаҳо давоми соли равон ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ механизмҳои гуногуни ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ баррасӣ мешавад, аз ҷумла ҷалби ширкатҳои байнулмилалии идоракунӣ.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки ҷалби ширкати байнулмилалии идоракунӣ ба ташкили фаъолияти шаффоф ва устувори соҳа, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои пурсамари молиявӣ ва амалиётӣ мусоидат мекунад.

Оё ин маънои хусусигардониро дорад?

Ба мисли аксари кишварҳо дар ҷаҳон, бахши электроэнергетика дар Тоҷикистон монополияи табиии давлат аст. Бастаи пурраи саҳмияҳои ШСХК “Барқи тоҷик” айни замон ба ҳукумати ҷумҳурӣ тааллуқ дорад.

Раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин Вазорати энергетика чандин маротиба маълумот дар бораи эҳтимоли хусусигардонии соҳаи электроэнергетикаро рад карданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода қаблан изҳор дошта буд, ки “... дар бораи кадом як хусусигардонӣ сухан намеравад”. Ӯқайд кард, ки хусусигардонии низоми энергетика дар баъзе кишварҳо натиҷаи мусбат ва дар чанде аз онҳо натиҷаи манфӣ додааст.

“Мо ба иштибоҳ роҳ дода наметавонем, бояд ҳамаҷониба оқибатҳои таҷдид ва саҳмгузорӣ ба “Барқи тоҷик”-ро омӯзем”, - гуфт буд вай.

Аммо худи далели таъсиси ҷамъиятҳои саҳҳомии кушода моҳиятан маънои онро дорад, ки барои озодона ба шахси дигар гузаштани саҳмияҳо, аз ҷумла шахсони хусусӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам ооварда мешавад.

Тоҷикистон дар ин масъала таҷриба дорад. Масалан, низоми электроэнергетикаи ВМКБ соли 2002 муваққатан ба ихтиёри шахсони хусусӣ дода шуд. Бар асоси қарордод байни ҳукумати Тоҷикистон, Раёсати Фонди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ (AKDN) ва Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) шабакаҳои барқии вилоят муддати 25 сол (то моҳи декбари соли 2027) дар ихтиёри идоракунии ширкати хусусии “Помир энержи” қарор хоҳанд дошт.

“Ин ҷо ягон чизи баде нест”

Коршиносони мустақил дар хусусигардонии низоми энергетикӣ ягон чизи бадеро надида, баръакс, дар шароити фаъолияти бесамар ва нокофии “Барқи тоҷик”,онро наҷот барои низом мешуморанд.

Ба ҳолати 1 январи соли равон қарзҳои кредитории “Барқи тоҷик” дар маҷмӯъ 26 млрд сомониро ташкил дод, ки 21 млрд сомониаш ба лоиҳаҳои сармоягузории амаилишуда дар соҳаи электроэнергетика рост меояд. Боқимонда 5 млрд сомонӣ қарзҳо аз ду нерӯгоҳи барқии обии “Сангтӯда”, инчунин “Ориёнбонк” барои харидани мазут ва ғайра мебошад.

“Ҳамааш ба он оварда мерасонад, ки воҳидҳои ҷудогонаи “Барқи тоҷик” хусусӣ гардонида мешаванд. Ва ин ягона қарори дуруст дар вазъияти кунунӣ аст. Албатта, дарҳол дар як лаҳза ба молияикти хусусӣ додани онҳоро интизор шудан нашояд. Ин ҷараёнест, ки баргузории расмиёти дахлдорро тақозо мекунад”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” энергетик Раҷабалӣ Содиқов.

Иқтисодчӣ Хуршед Ализода бар ин назар аст, ки на дар дасти кӣ будани низоми энергетика, балки чӣ гуна идора шудани он муҳим аст.

“Фарқе надорад, ки давлат ё ширкати хусусӣ низоми энергеткаро идора мекунад. Муҳимаш он аст, ки ин низом дар ихтиёри шахси зарурӣ қарор гирифта, муътадил фаъолият кунад, ба буҷет андоз пардохт шуда, ба истеъмолгарон хизматрасонии хушсифат дастрас гардад”, - илова кард ӯ.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Электроэнергетика бахши аз ҳама ояндадори Тоҷикистон шуморида мешавад, зеро ҷумҳурӣ захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дар ихтиёр дорад.

Захираҳои имкопазири гидроэнергетикии ҷумҳуриро Вазорати энергетика 527 млрд киловатт-соат дар як сол арзёбӣ мекунад, ки айни замон аз ин миқдор ҳамагӣ ҳудуди 5%-аш мавриди истифода қарор дорад.

Аз рӯйи ин нишондиҳанда Тоҷикистон зинаи 8-умро дар ҷаҳон (пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада), мақоми дуюмро дар паҳнои ИДМ ва ҷойи аввалро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ишғол мекунад.

Захираҳои асосии гидроэнергеткии кишвар дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.