Буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар порлумони кишвар 19 ноябри соли 2020 бидуни баҳсҳо ва бо муҳокимаи андаке қабул шуд. Дар ин шакл қабул шудани як тарҳи муҳими миллӣ ҳамеша суолҳо ва нигаронии коршиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор овардааст. Аммо чаро дар Тоҷикистон қонуни буҷа ё тарҳи буҷа ба ин шакл ва ба содагӣ қабул карда мешавад?

Коршиносон дар ин маврид назарҳои гуногун доранд. 

Аз ҷумла коршиноси варзидаи иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, ки ҳиссаи буҷа нисбат ба ММД дар солҳои ахир на ин ки ба боло намеравад, балки рӯ ба пойинравӣ дорад. 

Бино ба маълумоти Вазорати молия дар раванди таҳияи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6 фоиз ба маблағи 92,6 млрд. сомонӣ, индекси дефилятори ММД – 3,1 фоиз ва меъёри таваррум – 6,9 фоиз муайян карда шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ба маблағи 27 млрд. 645,8 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 29,8 фоизи Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Даромади буҷет нисбат ба соли 2020 ба андозаи 6,1 фоиз ё 1 млрд. 591,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад, ин зиёдшавӣ аз ҳисоби:

— даромадҳои ҷорӣ -1 млрд. сомонӣ;

— маблағҳои махсус -237,7 млн. сомонӣ;

— лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ -354,1 млн. сомонӣ иборат мебошад.

Соли 2021 даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 11 млрд. 499,1 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2020 ба андозаи 3,0 фоиз ё ба маблағи 343,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 8 млрд. 963,3 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба андозаи 6,7 фоиз ё ба маблағи 560,4 млн. сомонӣ афзоиш дода шудааст.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва номзади илмҳои иқтисодӣ мегӯяд, ки буҷа дар асоси имконоти дурнамои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳия мегардад. "Имкониатҳои кишваре мо ба андозае аст, ки буҷа таҳия мешавад":

Имсол қисми даромади буҷети давлатӣ даромадҳои андозӣ барои соли 2021 асосан аз ҳисоби андозҳои зерин афзоиш дода шудаанд:

— андоз аз арзиши иловашуда ба маблағи 7 млрд. 666,3 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 4,7 фоиз, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 344,3 млн. сомонӣ;

— аксизҳо ба маблағи 680,5 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 10,6 фоиз, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 65,0 млн. сомонӣ;

— андоз аз фоида ба маблағи 2 млрд. 055,6 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 2,7 фоиз, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 53,8 млн. сомонӣ;

— андоз аз даромад ба маблағи 2 млрд. 377,5 млн. сомонӣ ё бо афзоиши 6,6 фоиз муайян карда шуда, нисбат ба соли 2020 ба маблағи 146,4 млн. сомонӣ зиёд мебошанд.

Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, ки буҷаи давлатро дар илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи оммавӣ конститутсияи он низ меноманд, зеро манбаҳои даромадро муайян намуда, дуруст истифода бурдани онро низ муқарра мекунад.

"Вақте дар муддати кӯтоҳ, буҷаи давлатиро порлумони кишвар бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистн баррасӣ ва қабул мекунад ҷиҳати мусбат низ ҳаст. Чун мардуми осебпазир ва ниёзманд сари вақт музди меҳнату нафақаашонро мегиранд. Вале ҳамзамон мушкилот ва муаммоҳо аз тарзу усул ва баррасиву қабули буҷаи давлатӣ низ бармеояд",-мегӯяд профессор Ҳакимов.

Вазорати молия мегӯяд, ки ҳаҷми умумии хароҷоти буҷаи давлатӣ барои соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 28 млрд. 109,0 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва 30,3 фоиз Маҷмўи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ба маблағи 1 млрд. 705,5 млн. сомонӣ ё 6,4 фоиз зиёд мебошад, ки аз ҳисоби ин зиёдшавӣ маблағҳо ба соҳаҳои зерин пешбинӣ карда шудаанд:

— ба соҳаҳоииҷтимоӣ-1 млрд. 434,0 млн. сомонӣ;

— ба  соҳаҳои воқеии иқтисодиёт-166,3 млн. сомонӣ;

— ба дигар соҳаҳо-818,7 млн. сомонӣ.

Ҳаҷми хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар соли 2021 ба 11 млрд. 947,2 млн. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2020-ум 452,0 млн. сомонӣ, 3,9 фоиз зиёд мебошад.

Муҳаммаднаим Мирсаидов, муовини директори Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон тарзу усули ташкил ва истифода буҷа, чӣ дар сатҳи болоии давлат ва чӣ дар сатҳи поин (ноҳия, шаҳр ва вилоят) ба таври демкоратӣ, бидуни муттамарказсозӣ аст, аз поён ба боло ташкил карда мешавад.

Дар буҷаи соли 2021 қисми хароҷоти буҷаҳои маҳаллӣ ба маблағи 8 млрд. 266,6 млн. сомонӣ муайян карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 ба маблағи 919,5 млн. сомонӣ,12,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди Донишгоҳи Кӯлоб, Низомиддин Комилов бар ин назар аст, ки дар қатори муваффақиятҳое, ки дар таҳия ва қабули буҷет дида мешавад, баъзе норасоиҳо ҳам вуҷуд дорад. Ӯ ба унвони мисол дар буҷет самаранок истифода нашудани маблағҳои муваққатан озодро ном мебарад.

Дар соли 2021 касри Буҷети давлатӣ нисбат ба Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 0,5 фоиз ё 463,2 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 давоми мантиқии лоиҳаи буҷети соли 2021 буда, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ соли 2022 30 млрд. 985,4 млн. сомонӣ ва дар соли 2023  32 млрд.250,7 млн. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2022 ба маблағи 31 млрд.499,7 млн. сомонӣ ва дар соли 2023  32 млрд. 825,5 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, дар доираи онҳо бояд мақомоти идоракунии давлатӣ барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ ва барномаҳои нави пешниҳодшударо тарҳрезӣ намоянд.

Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии  идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.