Қарзҳои ШСХК “Барқи тоҷик”-ро ба маблағи умумии 5 млрд сомонӣ (442 млн доллар) ҳукумати Тоҷикистон аз эътибор соқит донист. Ин маблағ дар тавозуни ширкат ба сифати саҳми ҳукумат боқӣ мемонад.

Сардори департаменти молиявии “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 17 феврал дар шарҳи ин масъала изҳор дошт, ки  ин ҷо сари қарзҳои беруна сухан меравад, ки дар давраҳои гуногун аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахши электроэнергетика ҷалб шуда буданд.

Ба гуфтаи Маҷидзода, ин маблағҳо дар доираи барномаи солимгардонии вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” аз эътибор соқит дониста шудаанд.

Ӯ қайд кард, ки айни замон маблағи қарзи ширкат назди Вазорати молия 22 млрд сомониро ташкил медиҳад.

“Ғайр аз ин, - идома дод ӯ. - қарзҳо ба неругоҳи “Сангтӯда-2” ба маблағи 2,2 млрд сомонӣ ва “Сангтӯда-1” дар ҳаҷми ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ, инчунин қарзҳо аз ҳисоби таҳвили ангишт барои МБГ “Душанбе-2” ба маблағи 123 млн сомонӣ низ вуҷуд доранд”.

Маҷидзода таъкид дошт, ки ба ҳолати 1 январи соли равон қарзи дебитории “Барқи тоҷик” ба 3,1 млрд сомонӣ баробар аст.

Зимнан илова шуд, ки аз ширкат аз ҳама бештар аҳолӣ (1 млрд 342 млн сомонӣ) ва Ширкати алюминии тоҷик (390 млн сомонӣ) қарздоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.