Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 1 млрд 72 млн долларро ташкил дод, ки 7,6% (76 млн доллар) зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли 2020 моҳи январи имсол ҳаҷми муомилоти моли хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 40% поин рафт.

Касри тавозуни савдо (зиёд будани воридот нисбат ба содирот) тӯли 2 моҳи аввали соли равон 498 млн долларро ташкил дод.

Моҳҳои январ феврали соли 2021 ҳаҷми содироти молу маҳсулот 518 млн долларро ташкил дод, ки 16,9% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Имсол содироти мошину таҷҳизот (19,2 баробар), маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он (24,6% ё худ 11,1 млн доллар), сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо (16,3%) зиёд шуд.

Шарикони асосӣ оид ба содирот ин кишварҳо мебошанд: Швейтсария – 67,8% (аз ҳаҷми умумии содирот), Туркия – 9,1%, Қазоқистон – 8,9%, Ӯзбекистон – 2,7%, Чин – 2,1%, Афғонистон – 2,0%, Русия – 1,6%.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 554 млн доллар молу маҳсулот ворид шуд, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2020 мебошад.

Нисбатан бештар воридоти мошину таҷҳизот (1,7 баробар), пойафзол, сарпӯшҳо ва ғайра (1,6 баробар), равғани ҳайвонот ва растанӣ (32,1%), маснуот аз сангу гач ва семент (30,1%) зиёд шуд.

Воридоти молу маҳсулот асосан аз кишварҳои зерин сурат гирифт: Русия – 24,2% (аз ҳаҷми умумии воридот), Қазоқистон – 23,8%, Чин – 13,7%, Ӯзбекистон – 9,9%, Олмон – 4,4%, Туркия – 3,7%, Швейтсария – 2,4%,Ҷопон – 2,1% ва Эрон – 1,5%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.