Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе дар бораи таъсиси ширкати муштараки сармоягузорӣ созиш ҳосил карда буданд.

Лоиҳаи созишномаи дахлдорро, ки матни он дар ихтиёри “Азия-Плюс” қарор дорад, ҷонибҳо ният доранд ояндаи наздик ба имзо расонанд.

Дар лоиҳаи созишнома зикр мегардад, ки ширкат бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти сармоягузорӣ ва рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратии ду давлат таъсис дода мешавад.

Муассисони ширкати муштарак Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон бо 75%-и ҳисса ва КВД “Тоҷинвест” - бо 25%-и ҳисса дар сармояи оинномавӣ мебошанд.

Сармояи оинномавии "Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон" 12 млн долларро ташкил дода, маблағи мазкур байни муассисон бо ҳиссаи саҳми гузоштаашон тақсим мешавад.

Ширкат бо суроғаи ҳуқуқӣ дар Душанбе барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Навъҳои асосии фаъолияти ширкат иборат аст аз:

- сармоягузорӣ бо роҳи ба даст овардани ҳисса дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидори мавҷуда ва навтаъсис, додани қарзҳо, барориши коғазҳои қиматнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба сармоягузорони тоҷик ва хориҷӣ фурӯхтани саҳмияҳои ширкати сармоягузорӣ дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ;

- ҳамкории сармоягузорӣ бо муассисаҳои (ширкатҳои) байналмилалии сармоягузорӣ ва молиявӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷустуҷӯ ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ барои васеъ намудани рӯйхати иштирокчиёни корхонаи муштарак;

- ҷудо кардани маблағ ба бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар асоси тиҷоратӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.