Бар асари садамаи нақлиёт, ки чанде пеш дар роҳи Душанбе-Бохтар рух дод, 1 нафар ҳалоку 3 кас ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи “Тойота Королла”, сокини 21-солаи Бохтар Ҷамшед Сулаймонов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба самти муқобили ҳаракат мебарояд.

“Дар натиҷа он ба автомашинаи “Хундай Аванта” таҳти идораи сокини 31-солаи ноҳияи Шаҳритус Авазалӣ Назаров бармехӯрад, - омадааст дар хабари ВКД. - Аз мусофирон 1 кас ҳалоку боз 3 нафари дигар дер бемористон бистарӣ шуданд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.