Пас як моҳи сар задани селхезиҳои пурхисороту пурқурбонӣ дар шаҳри Кӯлоб, мақомот зарари расида аз ин офатҳои табиро 46 миллион сомонӣ эълон карданд. Бар пайи ин ҳисорот дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расида буд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 46 миллион сомонӣ (муодили 4 миллион доллар), эълон кард. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва 102 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.
Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки дар селхезии Кӯлоб 4 мактабу боғча, 6 километр роҳ, 10 пул, наздик ба 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор ва 500 метор қубурҳои обгузар, осеб дидаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, бар асари ин ҳодиса дар деҳоти атрофи шаҳр ҳазорҳо чорвои сокинон талаф ёфта, 136 гектар майдонҳои кишт аз байн рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми июн ба Кӯлоб рафт ва бо сокинони осебида аз ин офати табиӣ мулоқот кард
Мақомот гуфтанд, ки то моҳи август барои ҳама онҳое, ки манзилҳояшон пурра тахриб шудаанд, хонаҳои нав месозанд. Мақомот мегӯянд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса, ҳукумат ба кӯмаки зарардидагон шитофт ва ба ҳамаи хонаводаҳои осебдида (1725 оила) кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, ҷиҳози хона, сару либос, масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ расонд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Легенда таджикского кинематографа. 45 лет назад не стало Бориса Кимягарова
На западе Казахстана задержали похитителей противопаводковых укреплений
Стали известны размеры денежных призов Душанбинского полумарафона
5 видов заболеваний, которые обостряются весной
В России уволили ректора Института русского языка после скандала с тестами для мигрантов
Товарооборот между Таджикистаном и Кыргызстаном упал до неприлично низкого уровня
FORMULA55 и ТВ «Варзиш» заключили спонсорское соглашение
Как, закрывая глаза на насилие в семье, в Центральной Азии множат суицид и убийства женщин
ЕФРС поможет Таджикистану внедрить принципы программного бюджетирования
Таджикистан в первом квартале продал соседям электричество почти на $7,2 миллиона
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста