Номи яке аз кӯҳнавардони Русия, ки дар наздикии пиряхи Федченко, ҳангоми баромадан ба қуллаи Сент-Экзюпер аз кӯҳ сарозер ва бедарак шуд, муайян гардидааст: Маслов Александр Сергеевич. Дар ин бора Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳодиса рӯзи 26 июли соли равон дар кӯҳҳои Помир дар наздикии пиряхи Федченко, вақте гурӯҳи кӯҳнавардони рус ба қуллаи Сент-Экзюпери мебаромаданд, рух додааст. Сайёҳон 28 июл аломати ёрӣ фиристоданд.

Тақдири ӯ то ҳол номаълум аст.

Манбаъ афзуда, ки бо гурӯҳи сайёҳон, хешовандони кӯҳнаварди бедаракшуда ва наҷотбахшону ҳамкорони тоҷикашон дар алоқа ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 5 август як манбаъи маътамад ба “Азия плюс” хабар дода буд, ки  як чархболи тамғаи МИ-8 Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки рӯзи 4 августи соли равон дар ҳайати 5 нафар барои наҷоти сайёҳони рус рафта буд, ба садама дучор шуд.

Дар натиҷа, як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Гуфта мешуд, ки чархболи тамғаи МИ-8 тахминан соатҳои 12:10-и рӯзи 4 август аз хатсайри ҳавоӣ нопадид гашта, дар деҳаи Пои Мазори ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ-и ВМКБ, ҳангоми фурудоӣ дар пиряхи Хирсон, дараи Абдулқаҳор ба садама дучор шудааст.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита чунин изҳор дошт: “Чархболи посбонии марзӣ парвоз кард, дигар чизе дар ин бора намедонем, пайи таҳқиқи он ҳастем”.

То ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора тафсилоти бештар намедиҳанд.

Халабони фавтида кист?

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон ба оила ва наздикони халабони чархбол Сергей Тютин ҳамдардӣ баён мекунанд.

"Серёга, ман намехоҳам бовар кунам, ки ту дигар нестӣ !!! Шумо толеъбаланд будед! Шумо ҳамеша хушбахт будед! Наход ин дафъа дигар аст!? Ману ту парвоз кардем, даҳшатнок буд, аммо хушбахтона! Шумо барои наҷот додани одамон парвоз кардед, дар баландие, ки чархболҳо наметавонанд нишинанд, шумо таваккал кардед.... Бовар дорам, ки шумо экипажи худро наҷот дода, зарбаро ба худатон қабул кардед... ", навиштааст Акмал Усмонов.

Дар шарҳи навиштааш,  ӯ гуфтааст, ки ҳамсол бо Тютин аст, ки мактаби миёнаро дар Душанбе хатм кардааст ва тамоми умр дар ин шаҳр зиндагӣ кардааст.

"Вай охирини сарнишинони ботаҷриба буд! Ягона халабоне, ки барои парвоз ба баландиҳо, ба Помир иҷозатнома дошт... ", - навиштааст Усмонов.

Бисёре аз корбарон дар бораи таҷрибаи парвози онҳо бо Сергей Тютин дар баландкӯҳҳо ва инчунин дар бораи сабабҳои эҳтимолии суқути чархбол менависанд.

"Кӯҳҳои баланд, ҳавои тунук, таҷҳизоти кӯҳна ..." - навиштааст Баҳриддин Исамутдинов.

Расонаҳо менависанд, ки айни замон наҷотдиҳандагон дар ҷойи ҳодиса ҳастанд, то маҷрӯҳонро ба ҷои амнтар кӯчонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.