Дар роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб рӯзи 26 январ соати 15:50 дақиқа автомашинаи боркаши Mercedes Atego бо мошини сабукрави тамғаи Opel Zafira бархӯрда, дар натиҷа 1 нафар ҳалок шуд.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, замони садама дар автомашинаи Opel Zafira ронанда ва 5 нафар мусофирон қарор доштаанд, ки аз Хуҷанд ба Душанбе сафар доштаанд.

Гуфта мешавад, мошини боркаши «Mercedes Atego» аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд равона буд. Садама дар дохили айвончаи муҳофизатӣ аз тарма (галерея) дар километри 71-уми роҳ рух додааст.

Гурӯҳи наҷотдиҳандагони навбатдори Кумита, фавран ба ҷойи ҳодиса расида, мусофиронро аз дохили мошини  харобшудаи «Opel Zafira» берун оварданд.

“Ронанда ва мусофирон ҷароҳатҳои сабук бардошта буданд ва имдодгарон ба онҳо ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд, - омадааст дар хабари Кумита. - Аммо як нафар аз мусофирон, ки дар паҳлуи ронанда менишаст, бар асари ҷароҳати вазнин дар беморхона аз олам гузашт”.

Зимнан зикр мегардад, ки сабаби ин ҳодисаи нақлиётиро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳои туман ҳаворо тира мекунад.

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт –Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-  Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ— Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.