Бар асари тирпаронии субҳи имрӯз дар мавзеи Кехи ҷамоати Ворух дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се нафар марзбонони тоҷик захмӣ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Беморхонаи марказии Исфара.
“Сарҳадбонҳо каме захмӣ шудаанд ва ҳоло кормандони тиб кӯмак мекунанд. Вазъи саломатии онҳо мӯътадил арзёбӣ мешавад», - хабар дод манбаи «Азия-Плюс».
Ҳамчунин маълум шуд, ки марзбони фавтида зодаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) буда, 26 сол доштааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, "ӯ аз тири снайпер аз дасти росташ захм бардошта, аз хунравӣ ҷон додааст."
Айни замон вазъият дар мавзеи “Кех” шиддатнок боқӣ монда, гуфтушунидҳо идома доранд.
“Аз ҷониби Тоҷикистон фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Исфара Баҳовуддин Баҳодурзода гуфтушунид доранд”, - хабар дод як манбаи “Азия-Плюс” дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Қирғизистон аз соати 6:00-и субҳ “бе ягон сабаб ё муноқиша ба тарафи мо тир холӣ карда, аз миномёту дигар яроқи ҷангӣ истифода кардаанд”.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Қирғизистон фарзияи дигар дорад
Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон изҳор дошт, ки тахминан соати 7-и субҳ (6 - бо вақти Душанбе) аз ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии “Кех”-и Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба сӯи дидбонгоҳи сарҳадии “Булак-Бошӣ”-и Хадамоти мазбонии КДАМ Қирғизистон тир паронида шудааст.
Бино ба маълумоти марзбонони қирғиз, ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз норинҷакафкан (гранатомёт) ва миномётҳо тирпаронӣ кардааст.
Дар Хадамоти марзбонии Қирӯизистон хабар додаанд, ки дар тирпаронӣ аз ҷониби Қирғизистон касе осеб надидааст.
Ёдрас мекунем, ки дар ҳамин мавзеъ 11 рӯз пеш байни марзбонони тоҷику қирғиз тирпаронӣ сурат гирифта, бар асари он 3 марзбон: 2 марзбони қирғиз ва 1 марзбони тоҷик захмӣ шуданд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияе неруҳои Қирғизистонро дар оғози тиркушоӣ муттаҳам карда амалкарди онҳоро иғвои аз пеш барномарезишуда номида буд.
Дар навбати худ, ҷониби Қирғизистон низ дар як баёнияе неруҳои Тоҷикистонро дар ин даргирӣ муттаҳам карда гуфта буд, марзбонони тоҷик ғайриқонунӣ хатти марзро дар мавзеи Булоқбошии вилояти Бодканд убур карда ба қаламрави Қирғизистон гузаштаанд.
Британия выделяет на помощь Украине полмиллиарда фунтов и передает крупнейший пакет военной помощи
Таджикистан и Узбекистан договорились о транзитном проезде грузовиков через свои территории без разрешений
Чем Нурек очаровал Дэвида Кэмерона
Убийство Салтанат Нукеновой в Астане: Бывшая супруга рассказала о браке с Бишимбаевым
В Казахстане похитили свыше $2 млн, выделенных на содержание дамб
УМВД: В Душанбе 13-летний мальчик покончил жизнь самоубийством, бросившись с 16 этажа
Глобальный порядок, экономика и образование: о чем Кэмерон приехал говорить с лидерами ЦА?
В Таджикистане адвоката обвиняют в мошенничестве: потребовал 200 тысяч за помощь в суде
В Душанбе состоялась выставка детских рисунков, посвященных вакцинации
«Банк Эсхата» приглашает на внеочередное общее собрание акционеров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста