Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Зафар Раззоқови 28-сола бо қарори суди маҳаллӣ барои анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ҷарима шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, ӯ ба харидори яклухт ба маблағи умумии 40 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор доллари ИМА пиёз фурӯхтааст.

Аз рӯйи ин далел мақомоти прокуратураи ноҳия нисбати ӯ бо моддаи 286 КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Гуфта мешавад, бо ҳукми суди ҳамин ноҳия соҳибкор ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 20 ҳазору 75 сомонӣ ҷарима шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.