Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба нашри маълумоти корбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи муносибати пулчинак (кондуктор) ва ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон расидагӣ карда, чораҳои дахлдор андешид.

“Як донишҷӯ тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет бо дархости чораҷӯӣ нисбати пулчинаки микроавтобус (маршрутка)-и №54 (рақ/давл. 1693ТТ05), ки рӯзи 4 май ҳангоми кор нисбат ба мусофирони нақлиёти ҷамъиятӣ рафтори дағалона карда, суханҳои қабеҳ ба забон овардааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД-и пойтахт.

Ҳамчунин дар хабар дар бораи аз ҷониби ронандаи ин микроавтобус риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сухан мерафт.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуда, шахсияти ронанда ва пулчинак муайян ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд.

“Пулчинаки микроавтобус, ҳамзамон соҳибмулки воситаи нақлиёт сокини 27-солаи ноҳияи Муъминобод Авази Расули Нурализода иқрор шуд, ки дарвоқеъ ҳам нисбати шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймон аст”, - иттилоъ медиҳад Раёсати ВКД.

Авази Расули Нурализода
Сурат: РВКД Душанбе

Бо қарори суд нисбати Нурализода санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Нисбати ронандаи автомашинаи мазкур Бадриддин Турдиеви 36-сола, сокини шаҳри Кӯлоб барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамзамон воситаи нақлиёт аз ҳаққи хизматрасонӣ дар ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд.

Бадриддин Турдиев
Сурат: РВКД Душанбе

Ҳамзамон нисбати муҳандиси бехатарии роҳ дар ширкати мусофиркашонии ҶДММ “Муҳаммадҷон Д” Саид Гадоев, ки хатсайри мазкур ба ҳамин ширкат дахл дорад, бо моддаи 341 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, огоҳонида шуд, ки минбаъд нисбати сифати хизматрасонӣ ва амалу рафтори ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ширкат назорат ва корбариро ба таври қатъӣ ба роҳ монад.

Саид Гадоев
Сурат: РВКД Душанбе

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.