Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия эътироф кардааст, ки аз ду даъвогар ҳудуди 200 ҳазор рубли русӣ гирифтааст ва омодааст маблағро баргардонад. Дар ин бора, вакили дифои Иззат Амон - Саидбурҳон Шарифов ба “Азия плюс” хабар дод.

Ӯ хабарҳо дар марвиди рӯ ба рӯ намудан бо даъвогаронро рад кард ва гуфт, ки воқеан маблағҳои талабкардаи дигар баҳсианд, вале дар мавриди ду даъвои охирин Иззат дар баёноташ иқрор кард, ки аз яке ҳудуди 120 ҳазор рубли русӣ ва аз дигаре тақрибан 80 ҳазор рубли русӣ гирифтааст.

Мавсуф, ҳамчунин, иттилои онро, ки даъвои дигар нест, парванда ҷамъбаст шуд ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд рад кард ва гуфт, ки ӯ танҳо дар асоси суханони Додситони кул ва вазири корҳои дохилӣ шахсан хулоса кард, ки шояд парванда то охири моҳ ҷамъбаст  ва ба додгоҳ фиристода шавад.

Вакили дифоъ ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот аз даъвогарон ном нагирифт.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон низ даъвои ду нафарро тасдиқ кард ва гуфт, даъвогарон гуфтаанд, падарам гуё барои ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо дар як қазия ҳамчун вакили мудофеъ ҳаққи хидмат гирифта, аммо барнагардондааст. То куҷо ин дуруст аст ва ё падарам инро эътироф кардааст ё не, барои ман маълум нест.

Як рӯз пеш, Радиои “Озодӣ” аз номи вакили дифои Иззат Амон  навишта буд, ки ӯро бо ду даъвогари охирин дар боздоштгоҳи Душанбе рӯбарӯ кардаанд ва баҳси онҳо бар сари дусад ҳазор сомонӣ аст.

"Иззат Амон эътироф кард, ки воқеан аз ин афрод қарздор аст. Даъвои дигар нест, парванда ҷамъбаст шуд ва рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд", навишта буд ин расона аз номи вакили дифои Иззат Амон.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш, наздикон ва вакили дифоъи Иззат Амон хабар дода буданд, ки Иззат Амон боз ду моҳи дигар дар боздоштгоҳ мемонад ва ин тасмим ба “масъалаи рӯ ба рӯ кардани даъвогарон бо Иззат Амон” рабт доштааст.

Вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ намуда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.

Аз ин пештар, аз Додситони кулли кишвар гуфта буданд, ки интизор меравад, тафтиши парвандаи Иззат Амон охири моҳи июл ба поён бирасад ва ба додгоҳ ирсол шавад.

Ба иттилои мақомот, чанд нафар даъво кардаанд, ки гуё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун алайҳи Иззат Амон 12 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки гумонбар давоми солҳои 2014-2020 аз он онҳо маблағҳои гуногунро барои анҷом додани корҳои муайян гирифта, фиреб додааст.

"Ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад", - гуфт ин масъули Додситонии кулл.

Қазияи Иззат Амон яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Баъди дар Русия бедарак ва дар Тоҷикистон боздошт шудани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия даст ба эътирози оммавӣ заданд.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст.

ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.