Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин робита президент дар бораи рӯзи 6 сентябр даъват шудани Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум фармон ба имзо расонид.

Ба иттилои манбаъ, Қонуни авф нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад.

Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад:

шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд. Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст.

Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда мешаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонун “Дар бораи авф” маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти пешакӣ қонун нисбати 16 ҳазор нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10 ҳазору 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3 ҳазор нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1 ҳазору 900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4 ҳазору 650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5 ҳазору 300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.

Авф нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷиноятӣ қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад.

Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.

Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки баъди ду моҳи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Қонун баъд аз қабули он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва имзои Президенти Тоҷикистон дар матбуот нашр мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.