Дар шаҳри Қазони Русия 5 зодаи синнашон аз 28 то 56-солаи Тоҷикистон барои қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия дар Тотористон.

Тавре ки нашрияи «БИЗНЕС Online» менависад, ин гуруҳи этникӣ муддати чандин сол аз ҳамватанони худ барои кор гӯиё дар “қаламрави онҳо” ва ҳимоят (крыша) пул талаб мекардаанд.

Аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки хушкмева мефурӯхт, онҳо дар муддати 5 сол қариб 11 млн рубл пул гирифтаанд. Ин шаҳрванд дигар сабру тоқатро аз даст дода, ба мақомот муроҷаит кардааст.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон - падару писар Холмурод ва Луқмонҷон Мирзоевҳо (охирӣ шаҳрвандии Русия надорад) ва боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон - Фаррухҷон Султонов ва Султонҷон Султонов мебошанд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ба ин гуруҳ Алишер Мавлонов, муассиси ҶДММ “Сатурн-Сервис”  роҳбарӣ мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, 5 нафар боздоштшудагонро рӯзи 10 июн дар суди ноҳияи Вахитов ба ҳабс гирифтаанд.

Ҳамчунин ин гуруҳ ба чандин ҳолатҳои дигари тамаъкунии пул аз ҳамватанон, аз ҷумла 600 ҳазор рубл барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва қарз, боз 130 ҳазор рубл барои қарз, 400 ҳазор рубл барои ҳалли мушкили фурӯшандаи хушкмева ва мавридҳои дигари қаллобиву тамаъҷӯӣ гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ки аз маълумоти парванда бармеояд, онҳо барои тарсонидани ҷабрдидагони онҳоро ба ҷангал бурда лату кӯб мекардаанд, то ки нишон диҳанд, ки ҳамаи ин кор ҷиддӣ аст.

Айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаҷониба фаъолияти гуруҳро санҷида истодаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки боз ҳолатҳои дигаи қонуншикианӣ низ ошкор шаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.