Сиёсатмадори тоҷик Парвиз Муллоҷонов дар мавриди изҳороти ахири президенти Қирғизистон дар бораи вазъи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ақидаи худро баён дошта, маънии онҳоро шарҳ дод.

Жапаров чиҳо гуфт?

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 23 октябр аз ҷониби президенти Қирғизистон Садир Жапаров дар мавриди сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон як қатор изҳорот садо дод.

Аз ҷумла ӯ изҳор намуд, ки протоколи аз ҷониби Адахон Мадумаров (замони котиби Шӯрои амният буданаш) имзошуда оид ба сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон эътибор ва ҳукми қонунӣ надорад.

Ба гуфтаи вай, Мадумаров ҳаққи имзои ин протоколро надошт ва ин заминҳо аслан қаламравҳои Қирғизистон буданд: “Мадумаров 275 метрро аз Тоҷикистон медонад, аммо мехоҳад ин қитъаро барои 49 сол ба иҷора бигирад”.

Боз як изҳороти аҷиби Жапаров дар бораи Мурғоб садо дод. Дар робита ба масъалаи мавзеъҳои баҳсталаби ноҳияҳои Лайлак ва Ботканди Қирғизистон (ҳаммарз бо Тоҷикистон – эзоҳи идора) ӯ чунин гуфт:

“Онҳо (ҷониби Тоҷикистон – эзоҳи идора) мегӯянд: “Соли 1924 заминҳо ба дасти шумо гузаштанд, ин заминҳоро ба мо диҳед”. Ман мегӯям: «Не, агар ин заминҳо соли 1924 ба ихтиёри мо гузашта бошанд, пас соли 1924 Мурғоб ба ихтиёри шумо гузашт, он ҷо 3 миллион гектар аст. Пас онро ба мо диҳед ва мо ин заминҳоро ба шумо медиҳем». Онҳо ба ин розӣ нестанд".

Маъракаи зидди Умаров барои интиқоди ҳукумат

Аз сиёсатмадори тоҷик Парвиз Муллоҷонов дархост намудем, ки дар мавриди изҳороти зикршудаи президенти Қирғизистон назари худро баён кунад.

Дар мавриди изҳорот оид ба Мадумаров дар бораи протоколи соли 2009 бобати аз Тоҷикистон ба иҷора гирифтани ҳудуди 5 гектар замини соҳили рӯдхона ба дарозии 275 метр аз ҷониби Қирғизистон сухан меравад. Ба Бишкек ин протокол барои бунёди пул дар болои дарё ва таъмири роҳи Ӯш-Ботканд-Исфана лозим буд.

Парвиз Муллоҷонов
Сурат: Радиои Озодӣ

Ба гуфтаи Муллоҷонов, дар асл дар таҳия ва санҷиши ин протокол қариб ҳамаи мақомоти давлатии Қирғизистон иштирок карда, ҳамаашон онро маъқул донистанд. Котиби Шӯрои амният тибқи қонун онро як худаш маъқул шуморидаву имзо карда наметавонист. Ва он замон барои имзои он ӯ ҳамаи ваколатҳоро дошт.

“«Имрӯз худи манобеи қирғиз мегӯянд, ки маъракаи зидди Мадумаровро мақомот ҳанӯз соли 2019 оғоз кардаанд, зеро ӯ раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон” аст. Аллакай ҳамон замон низ мақомот ин протоколро баҳона барои муттаҳам ва бадном кардани Мадумаров, ки ҳукуматро шадидан интиқод мекард, истифода карданд. Яъне, ин бештар як масъалаи дохилии сиёсӣ буда,  мушкилоти низоъ дар Исфара-Ботканд барои ҳисоббаробарӣ бо рақибони сиёсӣ истифода мешавад”, - зикр кард сиёсатшинос.

Коршинос таъкид кард, ки имрӯз мураккабии раванди музокирот бо сиёсатмадорони қирғиз маҳз дар ҳамин омил ифода меёбад.

“Имрӯз мақомот мегӯянд, ки котиби Шӯрои амният ҳаққи имзои созишномаҳоро надошт. Фардо каси дигар ба сари қудрат меояд ва мегӯяд, ки Тошиев ва Жапаров имрӯз ба имзои қарордодҳо ҳуқуқ надоштанд”, - мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

"Русия метавонад тамоми ҷумҳурии Қирғизистонро бозпас талаб кунад"

Сиёсатшинос мегӯяд, дар бораи ба кӣ мансуб будани ин қитъаҳои замин ҳеҷ гоҳ ягон баҳс вуҷуд надошт.

«Даъвоҳо ба Мурғобу Ҷиргатол ба сифати далели зидди харитаи соли 1924 дар ду соли ахир рӯйи кор омаданд, замоне, ки бурунбум (анклав)-и Ворух тавассути долон бо Тоҷикистон пайваст шуда буд», - изҳор дошт сиёсатшинос.

Баъдан ба хотир оварданд, ки аз 14 октябри соли 1924 то 2 январи соли 1925 қаламрави ноҳияи Мурғоб ба ҳайати Ҳавзаи Мухтори Қара-Қирғиз шомил буд. Дар ҳамин ҳол, зикр намекунанд, ки худи Ҳавзаи Мухтори Қара-Қирғиз он замон дар ҳайати Федератсияи Русия қарор дошт.

“Аз ин рӯ, Русия ҳам бо ин тарз метавонад баргардонидани тамоми Ҷумҳурии Қирғизистонро бозпас талаб кунад. Аз рӯзи аввали таъсиси ҶШС Тоҷикистон ва ҶШС Қирғизистон қаламрави вилояти Мурғоб дар ҳайати Тоҷикистон қарор дошт”, - зикр кард коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо муқоиса бо Ворух дуруст нест, «чунки дар харитаҳои шӯравӣ то солҳои 50-ум, яъне хеле дертар аз таъсиси ҳар ду ҷумҳурӣ, Ворух на ҳамчун бурунбум ишора мешуд».

Гузашту созишро метавон интизорӣ дошт?

Муллоҷонов бар ин назар аст, ки зоҳиран раисҷумҳур Жапаров мехост таъкид кунад, ки аз Бишкек гузашт ва созишро набояд интизор шуд ва худи ӯ ҳам ба ду варианти ҷудошавӣ, ки дар оғози сол пеш аз ихтилофи 29 апрел пешниҳод намуда буд, пофишорӣ хоҳад кард.

«Ҳамчунин, аз изҳороти ӯ дар бораи протоколи соли 2009 бармеояд, ки ҳукумати кунунии Қирғизистон мисли пешин тавофуқҳои байни ҷонибҳоро, ки то ба қудрат расидани Садир Жапаров ҳосил шуда буданд, эътироф намекунад”, - илова кард дар хотима Парвиз Муллоҷонов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.