Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Форуми “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.
“Мо Кореяро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди худ медонем ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо он мутобиқ ба манфиатҳои муштарак аҳамияти хос медиҳем”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот таҳкими робитаҳои байнидавлатиро дар соҳаҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо муҳокима карданд.
Таъкид шуд, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит дар доираи Форуми муштараки соҳибкорӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад.
Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика, арсаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла саноати коркарди кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, туризм, маориф ва тандурустӣ, аз самтҳои ояндадори таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар маънидод гардид.
Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA) ва мусоидати ин кишвар дар мубориза бо бемории коронавирус, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Вобаста ба вазъи давлати ҳамсояи Афғонистон расонидани кумаки башарӣ ба мардуми ин кишвар аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тавассути сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои байналмилалии гуманитарӣ зарур шумурда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Афиша от «Азия-Плюс»: «Персия: История вечной любви», встреча с космонавтом и ярмарка ремёсел в "Серене"
Более 10 российских регионов ввели запреты на работу мигрантов
СМИ: для российских чиновников ужесточили ограничения на зарубежные поездки
Водитель, оскорбивший женщину-водителя троллейбуса, лишен работы и арестован на 10 суток
"Вечная дружба". Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев приняли участие в культурной программе деятелей искусств двух стран
В Иране прогремели взрывы. В нескольких районах работает ПВО
Сколько у Таджикистана лицензий на Олимпиаду-2024?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 апреля 2024 года
Как таджикский радиолюбитель побывал в самых отдаленных уголках планеты
«Человек-911». В память о Джахонгире Мамедове
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста