Томас Вест, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон пас аз сафараш ба Тоҷикистон навишт, ки кишвараш дар робита ба оғози як раванди сиёсии ҳамаҷониба дар Афғонистон, бо Тоҷикистон ҳамназар аст. Дар ин бора Вэст дар саҳфаи Твиттараш хабар дод.
Ӯ рӯзи панҷшанбе, 2 июн дар Твиттери худ дар робита ба сафараш ба Тоҷикистон навиштааст, ки бо Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири хориҷа Сироҷиддин Муҳриддин, ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кардааст.
Томас Вест афзудааст: "Амрико ба дархости Тоҷикистон барои оғози як тарҳи сиёсии мусолиматомез, ки дар он ҳамаи тарафҳои Афғонистон иштирок дошта бошанд, шарик аст".
Ӯ ҳамчунон ҳушдор додааст, ки дар ғайри ин сурат бояд нигарони ин буд, ки ба самти бесуботии бештаре пеш хоҳем рафт.
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон афзудааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба машварат ва ҳамкории наздик бо Тоҷикистон дар бораи ояндаи Афғонистон идома медиҳад.
Ӯ навиштааст, ки "Тоҷикистон бо Афғонистон марзӣ тӯлонӣ ва кӯҳистонӣ дошта аз таҳдидҳои амниятӣ нигаронии асоснок дорад. ИМА аз назорат ва мудирияти қавӣ ва тавонмандии марзҳо ҳимоят мекунад".
Узнали имена тех, кто вошел в команду мэра Душанбе Рустама Эмомали
В Душанбе открыли новое здание посольства Узбекистана
Таджикистан представил свои туристические возможности на международном форуме КОПИСТ-2024
С «Талибаном» по пути. Россия готовится признать режим талибов в Афганистане
Весенняя акция от Samsung и Алифа на бытовую технику
Кыргызстан и Таджикистан сделали совместное заявление по границе
Таджикистан доставит 3,5 тысячи тонн гумпомощи Казахстану, пострадавшему от ЧС
Экс-директор лицея в Шахритусе подозревается в крупном мошенничестве
Афиша от «Азия-Плюс»: «Персия: История вечной любви», встреча с космонавтом и ярмарка ремёсел в "Серене"
Более 10 российских регионов ввели запреты на работу мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста