Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми имрӯз бо президенти Қирғизистон Садир Жапаров тариқи телефон гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ин сӯҳбат бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон анҷом шудааст.

Гуфта мешавад, тарафҳо маҷмӯи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин омодагӣ ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров ба мувофиқа расидаанд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.