Имрӯз, 6-уми май суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баргузор шудааст.

Зимнан бо назардошти таҷрибаи ғанӣ дар мубориза бо паҳншавии ҳамагирии коронавирус, раисҷумҳури Эрон барои расонидани кумак ба Тоҷикистон, аз ҷумла бо таҷҳизот, мутахассисони соҳавӣ ва маводи доруворӣ изҳори омодагӣ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти пезиденти ҶТ, сарони ду давлат атрофи масоили шиддат гирифтани хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули назар карда, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми дӯсти Эрон изҳори ҳамдардиву таслият ва ба ҳамаи беморон шифои комил орзу кардааст. Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои қотеона ва саривақтии ҷониби Эрон дар мубориза бо ин бемории сироятӣ баҳои баланд додааст.

Ҳамзамон аҳаммияти ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байнулмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ин бемории ҳамагир ва оқибатҳои он таъкид шудааст.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ҳар ду давлат алоқамандии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба иброз доштанд. Дар робита ба ин изҳори умед карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву фарҳангӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.