Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ ба Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
Дар вохӯрӣ дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҷанбаҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот зикр шуд, ки ҳаҷми гардиши мол дар соли 2021 нисбат ба солҳои пешин се маротиба афзоиш ёфта, ин тамоил дар соли ҷорӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз масъалаҳои афзалиятдор ҳисобида шуд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
“Вобаста ба қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки тамоили мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин таҳкимёбии мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ташвишовар аст”, - зикр мешавад дар хабари палатаи болоии парлумон.
Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, зарур шумориданд.
Дар чаҳорчӯби сафар ба Туркманистон раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ инчунин бо раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Гулшат Маммедова мулоқот кард.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ намуданд, ки ҳамкориҳои судманди байнипарламентӣ ба густариши муносибатҳои дӯстонаи мардуми ду кишвар мусоидат менамоянд.
«Я поступил в университеты США, Катара и Турции». Кто такой Абдурахим Сангинов и как он стал «Учеником года-2023» в Душанбе?
В Душанбе запустили мобильный пункт приема обращений граждан
Памятка для туристов: Простые советы для тех, кто собирается посетить Узбекистан
В Душанбе открыли предприятие по производству атласа и адраса
В китайской армии создадут Силы информационной поддержки
Дом дехканина, цирк и кинотеатр «Большой»: 10 зданий, с которых начался Душанбе
«Душанбе – дом нашей надежды» Рустам Эмомали поздравил душанбинцев с Днем города
Первые места в Душанбинском полумарафоне заняли представители Украины и Узбекистана
Ереван и Баку впервые достигли соглашения о делимитации участка границы
Песни о солнечном Душанбе. Сегодня столица Таджикистана отмечает свой день
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста