Вазирони мудофиаи Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон, Дабири кулли СҲШ барои ширкат дар ин ҷаласа ба пойтахти Тоҷикистон омада, вазири мудофиаи Ӯзбекистон низ ба зудӣ ба онҳо ҳамроҳ мешавад.
Вазири мудофиаи Беларус низ ба ҳайси меҳмони ҷаласа ба пойтахти Тоҷикистон ташриф овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода.
Ҷаласаи вазирони мудофиа имрӯз, 28 июл таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо баргузор мешавад.
Роҳбарони ҳайатаҳоро инчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Вазирон инчунин макон ва таърихи баргузории машқҳои муштараки низомӣ бо номи "Рисолати сулҳовар-2021” (Мирная миссия-2021)-ро мувофиқа месозанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 апреля 2024 года
Как таджикский радиолюбитель побывал в самых отдаленных уголках планеты
«Человек-911». В память о Джахангире Мамедове
Юлдуз Усманова стала Народным хафизом Таджикистана
Таджикистан получит от USAID $18 миллионов для развития бизнеса
Таджикистан и Узбекистан стали союзниками
Что обсудили президенты Таджикистана и Узбекистана на встрече в Душанбе?
Таджикско-Узбекская инвестиционная компания планирует реализовать 14 проектов на $135 миллионов
Правда ли, что средняя цена тарифа на 10 ГБ в Таджикистане составляет 13,77 доллара или около 150 сомони?
Мигрантофобия в России. Как она отразится на таджикских мигрантах?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста