Баъд аз ба қудрат расидани гуруҳи террористии "Толибон" дар Афғонистон онҳо борҳо эълон карданд, ки иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад. Аммо як таҳқиқи мухтасари нашрияи "8 субҳ"-и чопи Кобул нишон додааст, ки неруҳои ин гуруҳ дар 10 моҳи ҳукумати худ бо кишварҳои ҳамсоя 10 бор даргирии марзӣ доштаанд.

Ҳодисаи пурсарусадои ахир, ки шохаи Хуросони ДОИШ эълон кард, ки аз шаҳри Ҳайратони вилояти Балхи Афғонистон шаҳри Термизи Ӯзбакистонро мавриди ҳамла қарор додааст, нигарониҳои зиёдеро ба бор овард. Ҳарчанд ҳукумати Ӯзбекистон ин хабарро расман рад кард, вале ҳаду гумонзаниҳои зиёде дар пайи он ба вуҷуд омад.  

Тоҷикистон яке аз кишварҳое ҳаст, ки ҳамеша аз хатари гуруҳҳои террористӣ ва ҷамъ шудани онҳо дар марз ҳушдор додааст ва кишварҳои ҳампаймонашро дар минтақа даъват кардааст, ки ин хатарро ҷиддӣ бигиранд.

Дар матлабе, ки бознашр мешавад даргириҳои марзии Толибон бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ва далели омилҳои он баррасӣ шудааст:

Толибон пас аз тасаллут бар Афғонистон, то кунун чандин мавриди даргириро бо ҳамсоягони кишвар сабт кардаанд. Тибқи як барраси иҷмолӣ (мухтасар), аз замон тасаллути Толибон то кунун беш аз 10 мавриди даргирии низомиёни толибон ва неруҳои Туркманистон, Эрон ва Покистон сабт шудааст. Ин даргириҳо омил ва иллатҳои мухталиф доштааст.

Бархе аз кишварҳои ҳамсоя дар вокунишҳои худ нисбат ба ин даргириҳо, низомёни Толибонро ба «ноогоҳӣ» аз нуқта сифр муттаҳам кардаанд.

Покистон дар робита ба даргириҳои марзӣ гуфтааст, ки раҳбарони Толибон аз иқдоми низомёншон нигарон ҳастанд ва ба ин тартиб ба ноҳамоҳангӣ дар суфуф (сафҳо)-и Толибон ишора кардаанд. Дар бархе аз маворид аммо Толибон гуфтаанд, ки дар вокуниш ба «таарруз», «таҷовуз» ва ё «озору шиканҷа»-и шаҳрвандони Афғонистон тавассути кишварҳои мазбур, даст ба оташ шудаанд.

Бархе аз ин даргириҳо аз сӯйи мухолифони Толибон «сохтагӣ» низ хонда шудааст. Ин даргириҳо дар бархе маворид талафот дар пай дошта ва сабаби баста шудани марзҳо ва гузаргоҳҳо шудааст.

Даргирӣ бо Эрон

Вилоятҳои Фароҳ ва Нимрӯз дар марз бо вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон

Толибон дар авосит (миёнаҳо)-и саратон (июл) дар ҳоле, ки бо давлати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури фирории кишвар дар ҳоли ҷанг буданд, гузаргоҳҳои тиҷоратӣ байни Афғонистон ва Эронро тасарруф карданд. Аввалин даргирии Эрон ва Толибон дар даҳуми қавс (2 декабр) дар минтақаи Шуғолаки Нимрӯз рух дод.

Дар вокуниш ба ин даргирӣ, мақомҳои эронӣ ва Толибон гуфтанд, ки ин масъала ношӣ аз «суиътфоҳум» будааст. Дар ин даргирӣ аз силоҳҳои сабк ва сангин низ кор гирифта шуд. Бархе манобеи Толибон дар он замон иддао карданд, ки сохти се посгоҳи амниятӣ аз сӯйи марзбонони Эрон дар имтидоди хатти марзӣ, омили аслии оғози даргирӣ будааст.

Дар ривояти дигар, Толибон бадрафтории сарбозони эронӣ бо шаҳрвандон Афғонистон дар марзро далели даргирӣ унвон кардаанд. Аз сӯйи мақомҳои эронӣ гуфта шуд, ки убури чанд деҳқони эронӣ аз навори марзӣ ба хоки Афғонистон, сабаб шуд, ки Толибон тасаввур кунанд инҳо «мутаҷовиз» ҳастанд ва ба ҳамин далел ба самти неруҳои эронӣ шиллик карданд, ки ба даргирӣ анҷомид.

Сайид Хатибзода, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Эрон, дар тавзеҳ ин мавзуъ гуфт, ки неруҳои Толибон аз «нуқтаи сифр»-и марзӣ огоҳӣ надоштанд ва ба ҳамин далел бо неруҳои ин кишвар даргир шуданд.

Дувумин даргирии марзӣ байни Эрон ва Толибон дар 16 ҳут (8 январ) сабт шуд. Дар ин даргирӣ ду тараф барои як соат ба даргирӣ пардохтанд. Ин даргирӣ дар вулусволии Кунги вилояти Нимрӯз ба вуқуъ пайваст. Дар иллати ин даргирӣ гуфта шуд, ки Толибон монеъи лойрӯбии канали «Сихсар» аз сӯйи эрониҳо шуданд ва даргирӣ воқеъ шуд. Дар ин даргирӣ аз кушта шудани ду марзбони эронӣ хабар дода шуд. Пештар аз ин даргириҳо, дар 8 далв  (28-уми январ) Толибон бар муътаризони эронӣ, ки ба хотири камбуди об даст ба эътироз зада буданд, шиллик карданд.

Дар 3 савр (23 апрел) Эрон марзи Исломқалъаро пас аз даргирӣ бо Толибон баст. Ин даргирӣ миёни марзбонони эронӣ ва Толибон дар марзи Исломқалъаи вилояти Ҳирот пас аз он боло гирифт, ки Толибон мехостанд як саракро дар соҳа бисозанд, аммо бо мамониати неруҳои эронӣ мувоҷеҳ шуданд.

Гузаргоҳи Исломқалъа миёни Эрону Афғонистон дар Ҳирот

Гуфта шудааст, ки панҷ сарбози марзии Эрон бо як мутар (мошин) ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз сохти сарак (роҳ) омада буданд, ки вокуниши тунди Толибонро дар пай дошт ва мутари ҳомили онон аз сӯйи Толибон гирифта шуд.

Намояндаи раисҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон, дар вокуниш ба ин даргирӣ гуфт, ки Толибон қавонини марзиро нақз кардаанд. Ҳасан Козими Қумӣ афзуд, ки Толибон бидуни ҳамоҳангӣ, иқдом ба ҷодасозӣ дар нуқтаи сифрӣ кардаанд, ки тавассути марзбонон Эрон мутаваққиф шудааст. Қумӣ тавзеҳ дод, ки ин мавзӯъро бо вазоратҳои дохила ва дифои Толибон дар миён гузошта ва таъкид кардаанд, ки бояд раванди сохтусози ин ҷода фавран мутаваққиф ва мавзӯъ дар чаҳорчуби комиссияи олии марзӣ ҳаллу фасл шавад.

Даргирӣ бо Туркманистон

Тарҳи лӯлаи Гази TAPI, ки гази Туркманистонро тавассути Афғонистон ба Ҳинду Покистон мерасонад

Даргирии Толибон бо неруҳои Туркманистони дар вулусволии Хамоби вилояти Ҷузҷон дар 13 ҷаддӣ (2 феврал) ба вуқӯъ пайваст, ки дар бораи он Толибон изҳороти зиддунақизе матраҳ карданд.

Ҳилол Балхӣ, сарпараст риёсати иттилооту фарҳанги Толибон дар вилояти Ҷузҷон, гуфта буд, ки се рӯз пас аз куштани як ғайринизомӣ тавассути неруҳои низомии Туркманистон, Толибон барои баррасии ин мавзӯъ ба маҳалли ҳодиса рафта буданд, ки даргирӣ шурӯъ шуд. Ин даргирӣ низ сабаби бастани бандари Оқина шуд.

Инъомулло Самангонӣ, муовини сухангӯйи Толибон, ин даргириро такзиб (рад) кард. Чанд рӯз баъд аммо Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои Толибон, ин даргириро таъйид кард.

Даргирӣ бо Покистон

Аввалин даргирии Покистон ва Толибон дар вулусволии Лаълпури вилояти Нангарҳор ба вуқӯъ пайваст. Авохири қавс 1400 буд, ки Муҳаммадбашир, масъули истихбороти Толибон барои Нангарҳор, ҳисорҳои марзиро, ки Покистон насб карда буд, барчид. Мақомҳои покистонӣ баъдан эълом карданд, ки раҳбарони Толибон низ аз даргирии низомёни ин кишвар бо ҳамсояҳо нигарон ҳастанд. Толибон низ бар гуфтугӯ бо ҳамсояҳо таъкид карданд. Артиш Покистон эълом кард, ки ба ҳар тариқе марз Дюрандро ҳисор хоҳад кашид; зеро барои он қурбонӣ ва хун додааст. Вазири дохилаи собиқи Покистон ҳам гуфт, ки дар ҳамоҳангӣ бо Толибон марз Дюрандро ҳисор хоҳанд кашид.

Марзи вулусволии Лаълапури вилояти Нангарҳор бо Покистон

Покистон ҳисоркшии марзи Дюрандро ҳудуди 95 дарсад такмил кардааст.

Чанд рӯз пас аз ин даргирӣ, дар Нимрӯз низ Толибон иддао карданд, ки монеъи ҳисоркшии низомён покистонӣ шудаанд. Дар моҳи ҷаддӣ низ Толибон бо неруҳои покистонӣ дар минтақаи марзӣ дар вилоятӣ Кунар даргир шуданд.

Толибон ҳамчунон дар панҷуми ҳут (24-уми феравл) дар вулусволии Спинбулдак Қандаҳор бо Покистон даргир шуданд. Дар пай ин даргирӣ, гузаргоҳи Спинбулдак баста шуд. Гузориш шудааст, ки дар ин даргириҳо, ки ба иллати сохти ҷода ва посгоҳ тавассути Толибон рух дода буд, се тан кушта ва 27 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар мавриди ҳувиятӣ захмён, маълумот мушаххасе вуҷуд надорад.

Дар 19 ҳамал (9 апрел) гузориш шудааст, ки Толибон як ҳавопаймоии низомии Покистонро ҳадаф қарор додаанд. Гузорише низ дар бораи захмӣ шудани як ҷенероли покистонӣ нашр шуд.

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раёсатҷумҳурии пешин, иддаои даргирии Толибон бо Покистонро «сохтагӣ» ва барои инҳирофи афкор умумӣ медонад.

Дар 27 ҳамал гузориш шуд, ки Толибон ва неруҳои покистонӣ дар вулусволиӣ Дандпатон (Пактиё) бо ҳам даргир шудаанд. Лаҳзоте пас аз ин даргирӣ, Покистон ҳамалоти ҳавоиро бар вилоятҳои Хӯст ва Кунар иҷро кард, ки дар он 49 нафар кушта шуданд. 20 нафар аз куштагон кӯдак ҳастанд. Мулло Муҳаммад Яъқуб, сарпарасти вазорати дифои Толибон, гуфтааст, ки ин ҳамла ба хотири мусолиҳаи миллӣ «бардошт» (таҳаммул) шудааст.

Нигарониҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон

Гуфтанӣ аст, ки пас аз тасаллути Толибон бар кишвар, дар моҳи қавс гузориш шуд, ки як ҳамлаи ҳавоӣ бо истифода аз ҳавопаймои бидуни сарнишин дар вилоят Кунар иҷро шуда ва дар он Мавлавӣ Фақирмуҳаммад, аз раҳбарони аршади таҳрики Толибони покистонӣ ҳадаф қарор гирифта, аммо ӯ ҷони солим ба дар бурдааст. Мушаххас нашуд, ки ин ҳавопаймо мутааллиқ ба кадом кишвар будааст. Ҳамла аммо дар наздикии марзи Покистон иҷро шуд.

Пули Марзи миёни Ӯзбекистон Афғонистон/ Термиз-Ҳайратон

Дар ҷараёни ҳашт моҳи гузашта, кишварҳои ҳамсоя ҳамвора аз ҳузур ва густариш терроризм дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд. Ба тозагӣ шохаи Хуросонӣ ДОИШ муддаӣ шудааст, ки аз вилояти Балх, Тирмизи Ӯзбекистонро ҳадаф қарор додааст. Ӯзбекситон ин ҳамларо таъйид накарда, аммо гузоришҳои маҳаллӣ мерасонанд, ки ҳавопаймоҳои Ӯзбекистон дар имтидоди марзи ин кишвар бо Афғонистон гашт мезананд.

Тоҷикистон, ки баъд аз Покистон тавилтарин (дарозтарин) марзи муштарак бо Афғонистонро дорад, бештарин нигарониро матраҳ кардааст.

Раисҷумҳури ин кишвар, Эмомалӣ Раҳмон, бо баёни ин матлаб, ки чандин маркази омӯзишӣ барои террористон дар наздикии марзҳои Тоҷикистон эҷод шудааст, пешниҳоди эҷоди як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро матраҳ кардааст.

Яке аз нуқтаҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.