Соли 2018 нархи шиносномаҳои хориҷӣ дар чанде аз кишварҳои узви ИДМ тағйир ёфт. Дар Тоҷикистон арзиши он бетағйир, дар Қазоқистон ду баробар қимат ва дар Ӯзбекистон бошад, шиносномаи хориҷӣ танҳо соли 2018 ҷорӣ мешавад.

Muhojir.news.tj  дар бораи шиносномаҳои хориҷӣ дар чанде аз кишварҳои Иттиҳод маълумот ҷамъоварӣ намуда, нархҳои онро муқоиса намуд. 

Дар Passport Index-и навшуда рейтинги шиносномаҳои кишварҳои гуногун тартиб дода шудааст. Меъёри интихоб шумори кишварҳое, ки дорандаи шиноснома бидуни раводид ё гирифтани он дар сарҳад ба он рафта метавонад, интихоб шуд. Дар Passport Index 2018 Тоҷикистон зинаи 72-юм (бо 55 кишвар равуои бидуни раводид ё соддашуда)-ро ишғол намуда, дар як саф бо Ӯзбекистону Чин, Гаити, Гвинея ва Сенегал қарор гирифт.

Ҷоий аввалро Олмон (бо 161 кишвар) ва зинаҳои охирини рейтингро Покистон (бо 29 кишвар), Ироқ (бо 28 кишвар ) ва Афғонистон (ҷойҳои 92,93 ва 94-ум) касб карданд.

Шиносномаи хориҷӣ барои шахси сафаркунанда ҳуҷҷати асосӣ буда, аз ин рӯ, муҳим шуморида мешавад. Мо тасмим гирифтем, ки чӣ қадр арзиш доштани шиносномаҳои хориҷиро дар як қатор кишварҳои ИДМ муайян созем. Натиҷа бо гуногуниаш ба ҳайрат овард. Агар шумо таъҷилан шиносномаи хориҷӣ гирифтанӣ бошед, дар ҳамаи кишвархо барои ин маблағи зиёдтар пардохта кардан зарур аст. Барои ин мавод мо муҳлатҳои муқаррарии гирифтани шиносномаи хориҷиро интихоб кардем, ки муҳлати ҳадди ниҳоӣ дар кишварҳои гуногун аз ҳам фарқ мекунад.

Қобили зикр аст, ки ин нархҳои расмӣ барои касоне зикр шудаанд, ки шиносномаҳои хориҷиро дар дохили кишвар мегиранд. Арзиши дастрасии ин ҳуҷҷат дар хориҷи кишвар баландтар буда метавонад.

Тоҷикистон

Аз Тоҷикистон оғоз мекунем ва ин тасодуфӣ нест. Тавре маълум шуд, дар паҳнои ИДМ шиносноҳои хориҷӣ дар кишвари мо аз ҳама гаронтаринанд.

Нархи расмии шиносномаи хориҷии биометрӣ (боҷҳои консулгарӣ) тибқи қарори ҳукумат  имрӯз 75 долларро ташкил медиҳад. Илова бар ин, бояд боз 75 сомонӣ боҷи давлатӣ ва 40 сомонӣ ҳаққи хизматгузориро пардохт намуд, ки 115 сомонӣ ё худ 13 доллари дигар илова мешавад.

Дар натиҷа нархи шиносномаи биомерии мо 88 долларро ташкил медиҳад. Соли 2018 нарх тағйир наёфт. Муҳлати муқаррарии гирифтани он 15 рӯз аст. Ҳамаи нархгузориҳо дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистион нашр шудааст.

Русия

Аз рӯи гаронии нарх мақоми дуюмро Русия ишғол мекунад. Муҳлати муқаррарии гирифтани он 30 рӯз буда, маблағи пардохти арзиши он 3500 рубл ё худ 61,8 доллар барои шаҳрвандлони синни аз 14-сола болои Русия мебошад.

Қазоқистон

Соли 2018 Қазоқистон арзиши шиносномаи хориҷиро ба таври назаррас боло бурда, ба 8 нишондиҳандаи ҳисоби моҳона (нишондиҳанда – 2405 танга) баробар кард. Акнун арзиши шиносномаи хориҷӣ дар ин кишвар 19240 танга ё худ 59,1 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2017 ду баробар зиёдтар аст.


Арманистон

Арзиши шиносномаи биометрӣ дар Арманистон 25 дирҳам ё худ 51 долларро ташкил медиҳад. Шиносномаҳои биометрӣ барои сафар дар Арманистон соли 2014 ҷорӣ шуданд.

Озарбойҷон

Шаҳрвандони синнусоли аз 18-сола болои Озарбойҷон дар муддати 10 рӯзи корӣ бо пардохти 40 манат ё худ 23,3 доллар шиносномаи хориҷӣ гирифта метавонанд.

Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон аз соли 2018 шиносномаи хориҷӣ ҷорӣ мешавад ва нархи он ҳоло маълум нест. Алҳол шаҳрвандони ин кишвар бо шиносномаҳои дохилии ягонаи худ сафар мекунанд, ки зимни сафар ба хориҷа ба он навиштаи махсус (стикер) ҳамроҳ мешавад. Муҳлати ин иҷозатнома  ду сол аст. Нарх 50% аз маоши ҳадди ақал (172240 сӯм дар як моҳ) ҳисоб мешавад.

Арзиши расмии шиноснома 11 доллар ва муҳлати муқаррарии гирифтани он 3 ҳафтаро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ барои анҷоми расмиёти шиноснома ҷиҳати сафар ба хориҷа 22 доллар зарур аст.

Қирғизистон

Миёни кишварҳои ИДМ шиносномаи хориҷӣ дар Қирғизистон аз ҳама арзонтар аст. Нархи дастрасии аввали он 530 сом ё худ 7,7 доллар мебошад. Муҳлати гирифтан 30 рӯз аст. Агар таъҷилӣ лозим бошад, вобаста ба муҳлати омода шудани он, маблағ афзуда, лекин нархи ҳадди ниҳоии он аз 55 доллар ва муҳлат – аз 2 рӯз бештар намешавад.  Барои ивази шиносномаи хориҷӣ 590 сом (30 рӯз) пардохтан лозим аст. Барои гум кардан ё корношоям кардани он шаҳрвандони ин кишвар 730 сом (30 рӯ) маблағ месупоранд.