Шаҳрдории Душанбе дар бораи бекор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт хабар дод.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID 19) ва ҳифзи солимии аҳолӣ гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба "Рӯзи пойтахт" дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад”, - омадааст дар маълумоти нашркардаи шаҳрдорӣ.

Қаблан Рустами Эмомалӣ қарор имзо карда буд, ки мувофиқи он, ба муносибати ҷашн дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе” барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешуданд.

Ҳамчунин байни наврасону ҷавонон гузаронидани озмунҳои гуногун ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқа оид ба мини-футбол дар назар буд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил шуда, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.