Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то соати 17:30 дақиқаи 6-уми май дар мамлакат 379 ҳодисаи сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 8 нафар бар асари он фавтидаанд.

Ҳамзамон вазорат иттилоъ медиҳад, ки то 6-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар 3596 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шудаанд.

“Аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи худ муроҷиат кунанд”, - навиштааст вазорат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Тоҷикистон зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 расман эълон шуд.

Раисҷумҳур рӯзи 5-уми май Насим Олимзодро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод кард.

Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода ба ин вазифа таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.