Ҳеҷ аккаунт дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нест. Маълумоти шахсие, ки шумо дар интернет ҷойгир мекунед, метавонанд ба дасти қаллобон афтанд ва барои мақсадҳои нопок истифода шаванд.

Аз ин сабаб ба Шумо тавсия дода мешавад, ки маълумоти зеринро дар саҳифаи худ нашр накунед:

Маълумоти шахсӣ

-           рақами телефон;

-           суроғаи хона;

-           ҷойи кор ё таҳсил;

-           таърихи таввалуд;

-           рақами ҳуҷҷатҳо (шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ва ғайра)

Махсусан ба маълумоти саҳифаи худ диққат диҳед, агар шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ному насаби ҳақиқии худ сабти ном шуда бошед. Чун ҳар кас метавонад саҳифаро бубинад - аз мудири шӯъбаи кадрҳо сар карда то бадхоҳони шумо. Бесабаб нест, ки одамони оммавӣ одатан мутахассисонро барои пешбурди саҳифаҳои худ ва назорат кардани мундариҷаи он киро мекунанд.

Ғайр аз он, коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар бораи худ то ҳадди имкон ҷузъиёти камтарро ифшо кунед. Бисёр вақт одамон дар интернет номи ҳайвонот, насаби падарӣ ё хӯроки дӯстдоштаи худро хабар медиҳанд ва фаромӯш мекунанд, ки бо истифодаи ин маълумотҳо бадхоҳон метавонанд рамзи аккаунти шуморо дарёфт кунанд. Агар имкон бошад, ин маълумотро ҳамчун ҷавоб ба саволи пинщонии худ, ки барои барцарор кардани рамз лозим аст, умуман истифода набаред.

Ҳуҷҷатҳо ва мушаххасоти корти бонкӣ

Шумо набояд нусхаи электронии ҳуҷҷатҳо, инчунин кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро дар саҳифаи интернетии худ нигоҳдорӣ кунед. Дар сурати шикастани саҳифаатон,ҷинояткорон метавонанд ин маълумотро барои дуздии пул аз суратҳисоби шумо ё барои ғайриқонунӣ гирифтани қарз аз номи шумо истифода баранд. Ҳеҷ гоҳ тафсилоти молиявиро, ба монанди рақами корт ё рамзи PIN дар шарҳҳо ва мукотибаи шахсӣ ифшо накунед.

Маълумот дар бораи нақшаҳои худ

Аксар вақт одамон дар бораи нақшаҳои худ оид ба истироҳат ё дар бораи ҳама ҳаракатҳои худ дар саҳифаҳои шахсиашон хабар медиҳанд. Ҳамзамон, баъзе нафарон аз хариди гаронарзиш - мошини нав, таҷҳизоти гаронбаҳо ё ҷавоҳироти худ мефахранд. Ҳамаи ин метавонад ҳамчун луқма ба ҷинояткорон хидмат кунад, ки дар сурати набудани шумо ба манзили Шумо ворид шаванд.

Аксҳо ва видеоҳои хусусӣ

Ҳангоми ҷойгир кардани аксҳои шахсӣ дар шабака, дар хотир доред, ки онҳоро корфармо, корманди бонке, ки шумо қарз дархост кардед ё падару модари шумо дида метавонанд. Аз ин сабаб нашри аксҳои шахсӣ барои тамошои умум тавсия дода намешавад.

Агар бадкорон саҳифаи Шуморо шикананд метавонанд ба суратҳои хусусиатон дастрасӣ пайдо кунанд. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки ин гуна аксҳоро дар интернет нашр накунед.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!