Дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ бабри барфӣ ё худ озодапаланг ба оғилхонаҳои сокинони маҳаллӣ ворид гардида, дар маҷмӯъ 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур бабри барфӣ дастгир гардида, бе расонидани ягон осеб дар минтақаи куҳӣ, тибқи қоидаҳои бехатарии махсус раҳо карда шуд.

Ба ақидаи коршиносон, асосан бабрҳои барфии пиронсол, ки фасли зимистон дар муҳити куҳсор аз паси сайд ҷуръати босуръати тез давиданро надоранд, ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаи шохдорро тӯъмаи худ қарор медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар назар дошта шудааст, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист товони зарари расонидаи бабри барфӣ ба ҳайвоноти хонагӣ ҷуброн карда мешавад.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст. Озодапаланг ҳайвони кӯҳии нодир маҳсуб шуда, ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Тоҷикистон шомил шудааст. Мавҷуд будани макони зисти бабри барфӣ дар ҳар кишвар нишондиҳандаи поктарин экосистема аст.

Дар Тоҷикистон ҳудуди зисти ин ҷонвар 86 ҳазор метри мукаабро ташкил дода, 70 дарсади макони зисти он дар ВМКБ ҷойгир аст. Ин ҳайвони нодир дар баландиҳои аз 2,5 то 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ва ҳатто аз он ҳам бештар сукунат мекунад. Бо зебогии андом, озодапарастӣ ва амалҳои хосаш ӯ тавваҷуҳи табиатдӯстонро ба худ ҷалб менамояд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда васеъ гардида, аз 6 то 21 %-и ҳудуди умумии ҷумҳурӣ расонида шуд, ки барои сукунат ва зиёд гардидани саршумори ҳайвоноту парандагони нодир шароити мусоид фароҳам меоварад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.