Дар бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», «Деҳқон», инчунин «Боғи ҷавонон» ярмаркаҳои доимо амалкунанда оид ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ба кор оғоз намуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳрдории пойтахт Қурбоналӣ Раҳмон.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо супориши раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ дар ярмаркаҳое, ки то охири сол ҳамарӯза фаъолият мекунанд, масоили нархгузорӣ, сифати маҳсулоти ба фурӯш гузошташуда, меъёрҳои беҳдоштӣ ва бехатарии истеъмоли маҳсулот қатъиян риоя мешаванд.

Қурбоналӣ Раҳмон изҳор дошт, ки фаъолияти ярмаркаҳо аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, шаҳрдории пойтахт ва хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ назорат карда мешавад.

Ярмаркаҳо аз ҷониби шаҳрдории Душанбе бо мусоидати Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва ҷалби деҳқонони вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ ташкил карда шудааст.

Дар дастгоҳи раиси пойтахт гуфтанд, ки ба наздикӣ ташкили чунин ярмаркаҳо дар дигар нуқтаҳои шаҳр низ дар назар аст.

Ғайр аз ин, бо дастури раиси пойтахт давоми сол дар остонаи ҳамаи идҳо дар ҳамаи бозорҳои шаҳр ярмаркаҳои муваққатӣ оид ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ташкил карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.