Мутобиқи қарори мақомоти салоҳиятдори Русия ва Тоҷикистон аз 10 июн шумори хатсайрҳои ҳавоии доимӣ байни Маскав ва Душанбе то 2 хатсайр барои ширкати “ЮТэйр” ва ду хатсайр барои ширкати “Сомон Эйр” дар як ҳафта зиёд карда мешаванд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Дар ин робита, ба парвози чартерии ширкати “ЮТэйр” аз 12 июн мақоми хатсайри мунтазам дода шуда, ширкати “Сомон Эйр” дар ҳамон рӯз парвози доимии дуюмашро дар як ҳафта анҷом медиҳад.
Дар маълумоти сафорат зикр мешавад, ки шурӯъ аз ҳафтаи оянда ширкатҳо парвозҳоро тариқи хатсайрҳои доимӣ бо ҷадвали зерин иҷро мекунанд:
- «ЮТэйр» - хатсайрҳои UT803/804 бо самти Маскав – Душанбе – Маскав бо парвоз аз Маскав (Внуково) рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе соати 22:00 ва парвоз аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа соати 6:00 бо вақти маҳаллӣ;
- «Сомон Эйр» - хатсайрҳои SZ201/202 бо самти Душанбе – Маскав – Душанбе бо парвоз аз Душанбе рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 8:00 ва парвоз аз Маскав (Домодедово) рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 11:50 бо вақти маҳаллӣ.
Сафорат хотиррасон менамояд, ки шахсоне, ки шаҳрвандии Русия надоранд, барои парвоз ба Русия бояд хулосаи муассисаи тиббӣ бо забони русӣ аз рӯйи натиҷаҳои ПСР-тест дар бораи сироят надоштан аз коронавирусро бо худ дошта бошанд, ки на пештар аз се рӯз то замони омадан ба Русия дода шудааст.
Огоҳ карда мешавад, ки шаҳрвандони Русия зимни вуруд ПСР-тести дукарата месупоранд, ки натиҷаҳои он ба Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва маъмурӣ (поратли “Госуслуги”) ворид мешавад.
Тести якумро дар муддати се шабонарӯз аз замони расидан ба Русия ва дуюмро - дар муддати панҷ шабонарӯз аз замони вуруд ба Русия супурдан зарур аст, дар ҳамин ҳол, байни супурдани ду тест бояд на камтар аз як шабонарӯз гузарад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти Агентии авиатсияи гражданӣ, билет ба хатсайрҳои доимӣ аз Душанбе ба Маскав 350 доллар ва аз Маскав ба Душанбе бо ин хатсайрҳо - 150 доллар нарх дорад.
Чанде пеш мо нархи билетҳои ҳавопаймоиро (парвозҳои чартерӣ) ба ҳамон як самт аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон муқоиса кардем.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мосгорсуд признал законным арест фигуранта дела о теракте в "Крокусе"
Запуск первого прямого авиарейса из Таджикистана в Грузию!
17-летний юноша погиб в результате удара молнии в Согдийской области
Комитет по туризму Таджикистана: Риск чумы в Саратоге минимален, но меры безопасности не исключаются
В Иране к смертной в казни приговорен популярный рэпер Томадж Салехи
Сколько стоит проезд в столицах Центральной Азии?
Генпрокурор РФ заявил о необходимости усилить профилактику правонарушений мигрантов
Байден подписал закон о военной помощи Украине на $61 миллиард
Предприниматели Таджикистана и Италии подписали договора на более $160 миллионов
Таджикистан увеличил экспорт драгметаллов и камней в 1251 раз
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста