Беш аз ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 11 сентябр ба ёрии  пахтакорон рафтанд.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, ҳашарчиён дар ҶСП ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми рӯз барои ҷамъоварии ҳосили пахта ёрии худро ба пахтакорон расонида, беш аз 25 тонна пахта чида, ба хирман супориданд.

Дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ кормандони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба саҳроҳо баромада, дар ҷамъоварии ҳосил ба пахтакорон кумак карданд.

1/5

Гуфта мешавад, имсол дар вилоят беш аз 52 ҳазор 700 гектар пахта кишт гардида, дар назар аст,  ки 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.