Русия тасмим гирифтааст аз соли 2022 то соли 2025 дар кишварҳои асосии таъмини қувваи корӣ - Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон се маркази тайёрии пеш аз муҳоҷиратро муҷаҳҳаз  ва роҳандозӣ кунад.

Тавре ки хабаргузории Фарғона иттилоъ медиҳад, муовини вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач дар ин робита гуфтааст, шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд маҷмӯи пурраи хидматгузориҳоро дар бахши муҳоҷират дарёфт кунанд ва “бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо барои кору зиндагӣ дар қаламрави кишвар ба Русия биёянд”.

Ба гуфтаи муовини вазир, дар доираи ташаббуси стратегии ҳукумат “Русия - кишвари ҷолиб барои таҳсилу кор” оид ба “вуруд ба бозори кори Русия”, ки ба афзоиши хориҷиёни расман машғули кор то 3,5 млн нафар дар соли 2030 имкон медиҳад, тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Дар яке аз тадбирҳо ташкили фазои рақамӣ оид ба таъмини шуғли хориҷиён дар Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пешбинӣ шуда, бо ин мақсад замимаи махсуси “Кор дар ИИАО” роҳандозӣ мешавад.

Муовини вазир дар шарҳи ин масъала гуфтааст, Русия ҳамчун "маркази ҷалби ҷавонони боистеъдод, захираҳои баландсифати меҳнатӣ ва сармоягузорӣ ба иқтисодиёт" мавқеъгирӣ карда, талошҳои асосӣ барои ҷалби ҷавононе равона хоҳад шуд, ки нақшаи пайвастани зиндагӣ ва касби худро бо Русия доранд.

То соли 2024 шумори омӯзгорони забони русӣ дар хориҷи кишвар чаҳор баробар афзоиш меёбад (аз 150 ба 618 омӯзгор), ки як навъ “сафир”-и маорифи Русия хоҳанд шуд. Дар натиҷа, то соли 2030 дар назар аст, ки шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия ҳамасола 1,5 маротиба (аз 300 ҳазор то 450 ҳазор) зиёд шавад. Дар байни онҳо боистеъдодтарин (на бештар аз 5%) кӯмаки грантӣ гирифта, ба дарёфти иҷозаи иқомат (ВНЖ) имкон пайдо мекунанд.

Гуфта мешавад, боз як самти дигари кор - ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ ва сармоягузорон ба Русия аст. Вазорат барои мутахассисони ҳирфаие, ки давоми 2 сол дар Русия кор карда, андоз пардохт кардаанд, дар бораи “шиносномаҳои тиллоӣ” ва иҷозаи иқомати бемуҳлат ду лоиҳаи қонун таҳия кардааст.

Муовини вазир зикр кардааст, ки аз ин ташаббусҳо натиҷаи "беш аз 200 млрд сармоягузориро ба иқтисоди Русия то соли 2030" интизорӣ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.