Муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони хориҷиро, ки ба муҳлати зиёда аз 90 рӯз ба Русия меоянд, метавонанд аз 29 декабр ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба ВКД дар бораи ба нашъамандӣ ва сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор набудан уҳдадор намоянд.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар лоиҳаи фармони аз ҷониби ВКД Русия таҳияшуда зикр мегардад, ки тартиби аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тиббии муоина ва муайян шудани гирифтор набудан ба нашъамандӣ ва сирояти ВНМО тасдиқ шавад.

Гуфта мешавад, “фармони мазкур аз 29 декабри соли 2021 мавриди амал қарор мегирад.

Дар санад зикр мегардад, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар давоми 30 рӯзи ба охир расидани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои тиббии қаблан додашуда, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштани онҳоро тасдиқ мекунанд, ҳуҷҷатҳои тиббиро ба ВКД пешниҳод намоянд.

Дар сурати ҳол 18-сола набудани шаҳрванди хориҷӣ ё аз ҷониби суд корношоям эътироф шудани ӯ, ҳуҷҷатҳоро яке аз волидон, нигаҳбон ё парастори ӯ пешниҳод карда метавонад.

“Ҳуҷҷатҳо ба воҳиди ВКД Русия дар маҳалли зист дар шакли коғазӣ ё бо истифода аз низоми иттилоотии “Портали ягонаи хидматрасониҳои давлатӣ” дар намунаи электронӣ пешниҳод шуда метавонанд”, - омадааст дар санад.

Зикр мегардад, ки агар ҳуҷҷатҳо бо забони хориҷӣ таҳия шуда бошанд, онҳо бояд бо забони русӣ тарҷума  ва аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқ шуда бошанд.

Сипас дар муддати се рӯз ин маълумот ба низоми иттилоотии ВКД, ки барои пешниҳоди хидматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ гардидааст, ворид карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.