Таҳқиқоти мазкур назарсанҷии зиёда аз 2,5 ҳазор нафар аҳолии кишварро фаро гирифта, аз натиҷаҳои он маълум хоҳад гашт, ки мардуми кишвар бештар кадом шабакаҳои телевизионро тамошо мекунанду кадом радиоро гӯш меандозанд ва кадом газетаву маҷалларо зиёдтар мехонанд.

Илова бар ин, дар таҳқиқот маълум карда хоҳад шуд, ки аҳолӣ кадом тарзи нави расонидани маълумотро тариқи интернет-гаҷетҳо - сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, месенҷерҳо ва почтаҳои электронӣ интихоб намудааст, мегӯяд Набӣ Юсупов, директори ТҶ “Медиа консалтинг”, ки ба таҳқиқот машғул мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, тариқи муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои ахбори умум таҳқиқот метавонад ба се ҳадаф ноил гардид.

Якум, муайян кардани аудиторияи корбарон ва сатҳи истифода аз ВАО. Дуюм, кумак ба ВАО-ватанӣ ҷиҳати сифатан беҳбуд бахшидан ба мундариҷаи расона. Ва сеюм, кумак ба манбаъҳои маълумот дар муайян кардани ВАО-и бештар пуррсамар барои паҳнкуниву таблиғи маълумоте, ки бевосита ба аудиторияи ҳадафноки онҳо таъин шудааст.

Таҳқиқоти кадом расонаҳоро бештар писандидани аҳолии Тоҷикистон лоиҳаи ташкилоти ҷамъиятии “Медиа консалтинг” мебошад, ки дар шарикӣ бо Вазорати фарҳанг ва Маркази таҳқиқоти иҷтимоии “Зеркало” амалӣ мешавад. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон барои татбиқи он грант ҷудо кард.

Қобили зикр аст, ки чунин таҳқиқот аллакай маротибаи сеюм гузаронида мешавад. Ду таҳқиқоти аввал солҳои 2018 ва 2019 баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.