Дар чаҳорчӯби барномаи “COVAX”, 17 январ ба Тоҷикистон 1 млн воя (доза) воксин аз ширкати “Moderna”-и ИМА ворид карда шуд, хабар медиҳад намояндагии “UNICEF” дар Тоҷикистон, дар саҳифаи худ дар “Facebook”.

Гуфта мешавад, ин аввалин мавриди ворид кардани воксин алайҳи COVID-19 ба Тоҷикистон  дар соли 2022 аст.

"Мо ба шарикони худ барои талошҳои пайвастаашон дар таъмини дастрасии баробар ба воксинаҳои зидди коронавирус ба шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори сипос мекунем", - омадааст дар изҳороти намояндагӣ.

Гуфта мешавад, ки ҳоло дар кишвар бар зидди коронавирус ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» мавҷуд аст ва мардум воксин зада мешаванд.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар ҷумҳурӣ 68,6 фоизи аҳолии аз 18-сола боло вояи якуми ваксина ва 57 фоиз вояи дуюмро гирифтаанд.

Шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар кишвар 17,95 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемия дар кишвар 124 нафар фавтидаанд.

Ду ҳафтаи охир шикоятҳо дар мавриди гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон зиёд садо  медиҳад ва бархе шаҳрвандон ташхиси мусбии тести коронавируси худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Вазорати тандурустии кишвар мавҷудияти COVID-19-ро дар кишвар рад мекунад, вале аз ҷониби дигар чораҳои беҳдоштӣ ва назорат дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро сахттар менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.