Комиссари олии СММ оид ба умури паноҳандагон Филиппо Гранди рӯзҳои 17-18 март баъди анҷоми боздид аз Афғонистон бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Нодира Акбаралиева, мушовири байнулмилалӣ оид ба робита бо ҷомеаи Раёсати Комиссариати олии умури паноҳандагони СММ хабар дод.
Дар доираи сафари Комиссари олӣ ба Тоҷикистон як қатор вохӯриву гуфтушунидҳои ӯ дар сатҳи олӣ дар назар аст, ки дар ҷараёни он Гранди масоили марбут ба таваҷҷуҳ ба омадани гурезаҳо бо шумули талош баҳри таъмини омодагӣ ва қабули қарорҳои дарозмуҳлат барои онҳоро баррасӣ мекунад. Дар баробари вохӯриҳои расмӣ, Комиссари олӣ бо паноҳандагон дар шаҳри Ваҳдат дидору суҳбат намуда, аз қароргоҳи муваққатии гурезаҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздид мекунад.
Дар ҳоле ки бӯҳрони башардӯстона ҳоло асосан дар дохили Афғонистон боқӣ мемонад, Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон бо ҳукуматҳои минтақа, аз ҷумла ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани омодагии онҳо ба вуруди эҳтимолии гурезагон ва таъмини вокуниши сохторҳои дахлдори давлатӣ тибқи талаботи ҳифзи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.
Тибқи маълумоти Раёсати СММ, то охири моҳи декабри соли 2021 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 773 нафар гурезаҳо ва шахсони ҷӯяндаи паноҳгоҳ ҳузур доштанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Из Китая в Узбекистан проложили новый грузовой железнодорожный маршрут
Непобежденный таджикский боец ММА едет покорять Америку
Активы Гульнары Каримовой в размере $131 млн вернут из Швейцарии в Узбекистан
«Карточный туризм» россиян повлиял на спрос на банковские карты в странах СНГ
Академия наук Таджикистана призывает не паниковать из-за надвигающейся мощной магнитной бури
В Душанбе загорелся бензовоз. Есть погибший
Закат эры пластиковых банковских карт, рассвет мобильных технологий
Первый поезд из Таджикистана в Волгоград собрал рекордное число пассажиров
Мода на корсеты пришла и в Душанбе
Назначен новый посол России в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста