Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон мисли тобистон гарм мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи пешгӯиҳои металогии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Саттор Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир дар моҳи апрел тамоили болоравии ҳарорат ба мушоҳида мерасад.

“Масалан, нисбат ба соли 2020 дар соли 2021 ҳарорат 2 дараҷа баланд буд. Фарқият байни имсол ва соли гузашта низ миёни 1 ва 2 дараҷа қарор дорад. Ба сурати умум, моҳи апрели имсол ҳарорат 2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ аст”, - иброз дошт номбурда.

Давоми тамоми моҳи апрел тағйирёбии ҳарорат дар водиҳо аз +17+22 то +23+28 пешбинӣ мешавад. Дар минтақаи ҷануби кишвар ҳарорат то 30-32 ва дар доманакӯҳҳо аз 11 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Ҳарорат шабона дар водиҳо аз 9 то 20 дараҷа ва дар кӯҳҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Саидов, сарфи назар аз ҳавои гарм дар моҳи апрел, дар баъзе минтақаҳо боришоти зиёд, раъду барқ ва шамоли сахт дар назар аст.

Намояндаи Агентӣ зикр кард, ки то нимаи моҳи апрел обуҳавои бидуни боришоти наззарас пешбинӣ мешавад.

“Рӯзҳои 9 ва 13 апрел боришоти кӯтоҳмуддат дар назар буда, лекин дар даҳаи сеюми моҳ боришоти шадид пешбинӣ шудааст. Ҳам дар ноҳияҳои кӯҳистон ва ҳам дар водиҳо боришоти аз меъёр зиёд аз эҳтимол дур нест”, - гуфт вай.

Мувофиқи пешгӯиҳо, боридани жола ва шамоли сахт низ эҳтимол дорад, ки ба тӯфони чангу ғубор ва туман боис шуда метавонад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то охири ҳамин ҳафта ва аввали ҳафтаи оянда дар вилоятҳои Хатлну Суғд обуҳавои гарм дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон рӯзона обуҳаво то 36 дараҷа ва дар вилояти Суғд - то 34 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ низ обуҳавои хушку бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят ҳарорат то 25 дараҷа ва дар шарқи минтақа то 12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ҳарорат дар водиҳо то  33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру Душанбе обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед