Русия барои ҳифзи бозори дохилии худ дар пасманзари болоравии нархҳои ҷаҳонӣ, то охири тобистон содироти тухми офтобпараст ва рапсро манъ кард.

Ба Тоҷикистон чӣ қадар равған лозим аст, то ки камбуд набошад?

Гуфта мешавад, маҳдудияти содироти тухми офтобпараст ва рапс ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) дахл надошта, ҳамчунин содироти ин маҳсулот бар асосии созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ имконпазир аст.

Чанде пеш мақомоти Русия изҳор доштанд, ки ба содироти равғани офтобпараст квота ҷорӣ мекунанд. Квота дар ҳаҷми 1,5 млн тонна аз 15 апрел то 31 август ҷорӣ мешавад. Боҷ барои содироти равғани офтобпараст то 313 доллар зиёд мешавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2021 ба Тоҷикистон ба маблағи 148 млн доллар зиёда аз 123 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид шудааст, ки 90,6 ҳазор тоннаи он ба Русия рост меояд.

Мутахассисон талаботи солонаи Тоҷикистонро дар ҳаҷми 155-160 ҳазор тонна арзёбӣ мекунанд. Бино ба маълумоти Агенти омор, соли 2021 дар ҷумҳурӣ 23,4 ҳазор тонна равғани растанӣ, асосан равғани пахта истеҳсол шудааст.

Чӣ гуна метавон талаботи аҳолиро қонеъ кард?

Агроном Бахтиёр Султонов ба саволи “Оё Тоҷикистон метавонад худро бо равғани растанӣ таъмин кунад?”, чунин посух дод: “Имконият ҳаст, лекин вақт ва сармоягузорӣ лозим аст”.

Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки имсол дар Тоҷикистон дар 186 ҳазор гектар кишти пахта ва дар 29 ҳазор гектар зироатҳои равғандор пешбинӣ шудааст. Аммо дар Тоҷикистон растании офтобпараст, ки фоизи истеҳсоли рағанаш зиёдтар аст, кам кишт мешавад.

Ба гуфтаи Султонов, бо сабаби омилҳои иқлим ва обуҳавои хушк парвариши офтобпараст дар Тоҷикистон натиҷаҳои дилхоҳи иқтисодӣ намедиҳад ва ҳосилнокиаш паст аст. Ғайр аз ин, сатҳи равғандории офтобпараст дар Тоҷикистон 20-25%, лекин дар Русия бошад - зиёда аз 45%-ро ташкил медиҳад. Инчунин ҳосилнокӣ аз як гектар дар Русия ба ҳисоби миёна ба 35-40 сентнер, лекин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ - на бештар аз 20% баробар аст.

Дар заминҳои лалмии Тоҷикистон кунҷит, зағер, маҳсар (сафлор) низ парвариш мешавад, ки фоизи равғандориашон зиёд - то 50% аст, лекин дар як гектар на зиёдтар аз 15% ҳосил медиҳанд.

Камбуди равған ба чӣ оварда расонида метавонад?

Барои коркарди ашёи хом ва истеҳсол кардани равған корхонаҳои истеҳсоли равғану чарбу лозиманд, ки дар ҷумҳурӣ хеле каманд. Дар ҳамин ҳол, баъзе ширкатҳо аз Русия фурӯши яклухти равғанро 95 рубл барои 1 литр пешниҳод кардаанд. Як тонна равғани офтобпараст дар Русия 974 доллар нарх дорад.

Дар Тоҷикистон бошад, имрӯз 1 литр равған ба ҳисоби миёна 25-30 сомонӣ (150-180 рубл) фурӯхта мешавад.

Нархи равған мудом боло меравад: моҳи августи соли 2021 “Олейна”-и 5-литра 80 сомонӣ фурӯхта шуда, имрӯз он на кматар аз 130 сомонӣ нарх дорад.

Камбуди имконпазири равғани растанӣ ва болоравии нархи он агар аз як тараф кишоварзонро ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли зироати равғандор ҳавасманд созад, аз тарафи дигар, ба афзоиши қочоқ боис мегардад. Чанде пеш ВАО-и Қирғизистон дар бораи пешгирии қочоқи равғани растанӣ ба маблағи беш аз 1 млн сом хабар доданд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомобил зиёда аз 1500 адад зарфҳои 5-литраи равғани растанӣ ошкор шудааст. Шаҳрвандон ният доштаанд, ки борро ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон барои фурӯши минбаъда интиқол диҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.